Ироқчӣ хитоб ба ҳамсоягон: Мутаҷовизонро аз сарзаминҳоятон берун кунед
-
Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон
Порс Тудей- вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Эрон аз бародарони ҳамсояи худ мехоҳад неруҳои мутаҷовизи хориҷиро аз хоки худ берун кунанд.
Ба гузориши Порс Тудей, Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар саифаи шахсии худ дар "X" навишт: Чатри амниятие, ки Амрико солҳо онро таблиғ мекард акнун ошокор шуд, ки пур аз ҳуфра аст чатре, ки натанҳо боздоранда набуд балки амалан заминасози таниш ва буҳрон шуда аст.
Вай дар идома таъкид кард: Амрико ҳоло ночор шуд аз дигарон ҳатто Чин дархост кунад то ба он барои амн нигаҳдоштани Тангаи Ҳурмуз кумак кунад.
Ирочӣ хитоб ба ҳамсоягони Эрон таъкид кард: Эрон аз бародарони ҳамсоияи худ мехоҳад неруҳои мутаҷовизи хориҷиро аз сарзаминҳояшон берун кунанд ба вижа ба ин далел, ки танҳо дағдаға ва авлавияти ин неруҳо дифоъ аз режими ишғолгар ва кудакуши саҳюнистӣ аст.