Ироқчӣ: Дар сурати ҳадаф қарор гирифтани зерсохтҳои нафтиву энержӣ посух медиҳем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124442-Ироқчӣ_Дар_сурати_ҳадаф_қарор_гирифтани_зерсохтҳои_нафтиву_энержӣ_посух_медиҳем
“Порс-Тудей”. Вазири умури хориҷаи Эрон ҳушдор дод, агар зерсохтҳои нафтиву энержии мо ҳадафи ҳамла қарор гирад, қатъан талофӣ хоҳем кард.
(last modified 2026-03-15T13:21:41+00:00 )
Март 15, 2026 18:02 Asia/Dushanbe
  • Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
    Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон

“Порс-Тудей”. Вазири умури хориҷаи Эрон ҳушдор дод, агар зерсохтҳои нафтиву энержии мо ҳадафи ҳамла қарор гирад, қатъан талофӣ хоҳем кард.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи MS NOW дар посух ба ин суол, ки Иёлоти Муттаҳида як ҳамлаи низомӣ алайҳи ҷазираи Хорк анҷом додааст ва раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфтааст: «ба далоили инсонӣ ва аз сари мулоҳиза, тасмим гирифтам тамоми зерсохтҳои нафтии ин ҷазираро нобуд накунам. Бо ин ҳол, агар Эрон ё ҳар тарафи дигаре иқдоме барои ихлол дар убури озоду эмини киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз анҷом диҳад, билофосила дар ин тасмим таҷдиди назар хоҳам кард». Иҷоза диҳед ибтидо аз шумо бипурсам дар ҷазираи Хорк чӣ иттифоқе афтодаву посухи Эрон ба ин ҳамалот чист? гуфт: Фикр мекунам неруҳои мусаллаҳи мо пештар ба равшанӣ эълом кардаанд, ки агар зерсохтҳои нафтӣ ва энержии мо ҳадафи ҳамла қарор гирад, қатъан талофӣ хоҳанд кард. Онҳо ҳар зерсохти энержӣ дар минтақаро, ки мутааллиқ ба як ширкати амрикоӣ бошад ё ширкатҳои амрикоӣ дар он саҳҳомдор бошанд, ҳадаф қарор хоҳанд дод. Бинобар ин вокуниш комилан равшан аст.

Ироқчӣ афзуд, дишаб онҳо ҷазираи Хорку ҷазираи Абумӯсоро бо сомонаи ракетии тӯпхонаӣ, ҳамон чизе ки ба номи «Ҳаймарс» шинохта мешавад ва як сомонаи ракетии кӯтоҳбурд аст, ҳадаф қарор доданд. Ин ҳамалот аз хоки ҳамсоягони мо анҷом шуд. Акнун комилан равшан шудааст, ки онҳо аз қаламрави кишварҳои ҳамсоя барои шиллики чунин ракетаҳое алайҳи мо истифода мекунанд ва ин масъала комилан напазируфтанӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар посухи суоли “кадом ҳамсояҳо?” низ гуфт: Ҳамалоти дишаб аз сӯи неруҳои мо расад шуд ва акнун мушаххас шудааст, ки ин ракетаҳо аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва аз ду нуқта дар ин кишвар шиллик шудаанд; яке дар Раъсулхайма ва дигаре аз маконе бисёр наздик ба шаҳри Дубай. Бисёр хатарнок аст, ки аз манотиқи пурҷамъият барои шиллики ракета алайҳи мо истифода шавад. Мо қатъан посух хоҳем дод, аммо талош хоҳем кард бисёр муҳтот бошем то ҳеҷ минтақаи маскунӣ ҳадаф қарор нагирад.