Сардор Ноинӣ: Тангаи Ҳурмуз таҳти контроли комили Эрон аст
-
Сардор Алимуҳаммади Ноинӣ, сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
“Порс-Тудей”. Сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоб исломӣ гуфт, тангаи Ҳурмуз таҳти контроли комили Эрон аст ва ҳар гуна таҷовуз бо посухи қотеона мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз хабаргузории “Меҳр”, сардор Алимуҳаммади Ноинӣ, сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар оғози ҳафтаи сеюми набард, ба ташреҳи арзёбии худ аз раванди ҷанг пардохт ва ба пурсишҳо дар бораи идеяҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ дар хусуси пирӯзӣ ва нобудии тавонмандиҳои дифоии Эрон посух дод.
Сухангӯи Сипоҳи посдорон таъкид кард, душманон ба шикасти худ эътироф кардаву воқеияти ҷумҳурии исломиро пазируфтаанд ва акнун дар мавриди наҳваи таомул бо ҷумҳурии исломӣ ва поёни ҷанг фикр мекунанд. Тамоми ин масоил бар асоси асноду мадорик аст, ҳарчанд, ки ба сурати ошкор буруз дода намешавад ва мабоҳиси дохилии онҳо низ ба ҳамин тартиб аст.
Сардор Ноинӣ афзуд, тангаи Ҳурмуз дар контроли комили неруҳои Ҷумҳурии исломии Эрон қарор дорад ва душман, ки иддаои ишроф бар минтақа ва дарёву нобудии неруи дарёии моро дорад, агар ҷуръат дорад новҳои худро ба ин минтақа наздик кунад. Шиноварҳое ки бо парчамҳои мухталиф дар минтақа ҳузур доштанд, вале моликияти онҳо марбут ба Амрико ё режими саҳюнистӣ буд, ҳамагӣ ҳадаф қарор гирифтаанд. Душман қаблан иддао мекард, ки дар сурати вуқуи ҷанг тангаи Ҳурмузро контрол карда, шиноварҳоро эскорт ва амнияти минтақаву энерживу нафтро таъмин хоҳад кард, аммо акнун аз саҳна хориҷ шудааст.