Пизишкиён: Тардиде дар муқобила бо мутаҷовизон надорем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124448-Пизишкиён_Тардиде_дар_муқобила_бо_мутаҷовизон_надорем
“Порс-Тудей”. Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд,  миллат, давлат ва Неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳеҷгоҳ ба дунболи танишу даргирӣ набудаанд, аммо дар муқобила бо мутаҷовизон ва ҳамчунин дифои қотеъ ва машруъ аз тамомияти арзӣ ва амнияти миллии худ бо пуштвонаи мардумӣ ва такя бар тавони миллӣ, тардиде надоранд.
(last modified 2026-03-16T13:11:29+00:00 )
Март 16, 2026 18:09 Asia/Dushanbe
  • Масъуди Пизишкиён ва Эммануэл Макрон, руасои Ҷумҳурии исломии Эрон ва Фаронса
    Масъуди Пизишкиён ва Эммануэл Макрон, руасои Ҷумҳурии исломии Эрон ва Фаронса

“Порс-Тудей”. Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд,  миллат, давлат ва Неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳеҷгоҳ ба дунболи танишу даргирӣ набудаанд, аммо дар муқобила бо мутаҷовизон ва ҳамчунин дифои қотеъ ва машруъ аз тамомияти арзӣ ва амнияти миллии худ бо пуштвонаи мардумӣ ва такя бар тавони миллӣ, тардиде надоранд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Масъуди Пизишкиён ва Эммануэл Макрон, руасои Ҷумҳурии исломии Эрон ва Фаронса дар гуфтугӯи телефонӣ, охирин масоили минтақаро баррасӣ карданд.

Пизишкиён дар ин гуфтугӯ дар ташреҳи абъоди таҷовуз ва ҳамлаҳои ғайриқонунии Амрико ва режими саҳюнистӣ ба Эрон, бо баёни инки мутаҷовизон камокон ба ҳамлаи худ алайҳи аҳдофи мухталиф, аз ҷумла марокизи ғайринизомӣ идома медиҳанд, ба ҳамлаҳои ахир алайҳи ду ҷазираи эронии Хорку Бумӯсо ишора ва тасреҳ кард: Ин ҳамлаҳо бо истифода аз сарзамини бархе кишварҳои минтақаи халиҷи Форс анҷом шудаву қарор додани сарзамину имконот барои Амрико ҷиҳати ҳамлаи ваҳшиёна алайҳи Эрон дар таоруз бо ҳуқуқи байналмилал ва асли ҳусни ҳамҷаворӣ аст.

Раиси ҷумҳурии Эрон афзуд, миллат, давлат ва неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳеҷгоҳ ба дунболи танишу даргирӣ набудаанд, аммо дар муқобила бо мутаҷовизон ва ҳамчунин дифои қотеъ ва машруъ аз тамомияти арзӣ ва амнияти миллии худ бо пуштвонаи мардумӣ ва такя бар тавони миллӣ, тардиде надоранд.

Пизишкиён дар идома решаи ноамнӣ ва бесуботӣ дар минтақаро корҳои хасмонаи режими саҳюнистӣ ва иртикоби куштор дар Ғаззаву Лубнон ва ҳамчунин роҳандозии ду ҷанги таҳмилӣ бо мушорикати Амрико алайҳи Эрон унвон кард ва зимни интиқод аз рӯйкарди мухарриби бархе кишварҳои аврупоӣ дар ҳимоят аз ҷиноёти ин режим ва Амрико дар минтақа, хостори пойбандии онҳо ба ҳуқуқи байналмилал ва ҳокимияти қонун дар ҷаҳон шуд.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса низ дар ин гуфтугӯ, зимни тасреҳ бар зарурати поён ёфтани ин ҷанг ва коҳиши таниш, дар бораи ташдиди авзоъ дар минтақа ва вазъи ҳоли ҳозир дар тангаи Ҳурмуз ва ҳамчунин даргирӣ миёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Исроил, ибрози нигаронӣ кард.