Сарлашкар Абдуллоҳӣ: Трамп мунтазири шигифтонаҳои Эрон бошад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124464-Сарлашкар_Абдуллоҳӣ_Трамп_мунтазири_шигифтонаҳои_Эрон_бошад
“Порс-Тудей”. Фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с) гуфт: Трамп то кунун шигифтиҳои зиёдеро ба таъбири худаш эълом кардаву ҳоло бояд мунтазири шигифтиҳои мо бошад.
(last modified 2026-03-18T03:15:59+00:00 )
Март 18, 2026 08:13 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Алии Абдуллоҳӣ, фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с)
    Сарлашкар Алии Абдуллоҳӣ, фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с)

“Порс-Тудей”. Фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с) гуфт: Трамп то кунун шигифтиҳои зиёдеро ба таъбири худаш эълом кардаву ҳоло бояд мунтазири шигифтиҳои мо бошад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, сарлашкар Алии Абдуллоҳӣ, фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с) дар паёме ба муносибати шаҳодати дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, раиси Созмони басиҷи мустазъафин ва дарёдилони новшикани Дено паёме содир кард.

Дар ин паём омадааст: Неруҳои мусаллаҳи Эрон бо ёрии Парвардигор ва бо пуштвонаи мардум, ғурури козиби душман ва раисиҷумҳури мутаваҳҳими Амрикои Трампро шикастаанд ва ин аввалин бор аст, ки абарқудрати ҷаҳон Амрико ба зону заданаш дар муқобили иродаи илоҳии мардуме муқовим ва неруҳои мусаллаҳи муқтадир эътироф мекунад ва на фақат мавриди тамасхури сарони кишварҳои ҷаҳон, балки мавриди истеҳзои мардуму сарони кишвараш қарор мегирад.

Вай бо баёни инки Трамп то кунун шигифтиҳои зиёдеро ба таъбири худаш эълом намудаву ҳоло бояд мунтазири шигифтиҳои мо бошад, афзуд: Ба Амрико ва режими саҳюнистӣ дар майдони амал собит шудааст, ки миллати мо дар муқобили зулму таҷовузи душманони худ меистад ва бо фишори душман муқовиматаш бештар мешавад ва ин омили аслии шикасти душман аст. Ба ҳамин далел занон, мардон, кӯдакон ва марокизи хадамотрасонӣ ба мардумро ҳадаф қарор медиҳад ва ҳатто ба кӯдаку навзоди серӯза низ раҳм намекунад.

Сарлашкар Абдуллоҳӣ таъкид кард, чунин иқдомоте бузургтарин алоими шикасту истисоли душмани ҷаҳонхор ва қулдур аст.