Ироқчӣ: Молиёти сангини исроилимеҳвар ба зуди бар иқтисдои Амрико таҳмил хоҳад шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124470-Ироқчӣ_Молиёти_сангини_исроилимеҳвар_ба_зуди_бар_иқтисдои_Амрико_таҳмил_хоҳад_шуд
Порс Тудей- вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Ҷанги ахирро давлати Амрико бар ҳар ду миллати Эрон ва Амрико таҳмил кард.
(last modified 2026-03-19T07:25:59+00:00 )
Март 19, 2026 12:23 Asia/Dushanbe
  • Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон
    Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон

Порс Тудей- вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Ҷанги ахирро давлати Амрико бар ҳар ду миллати Эрон ва Амрико таҳмил кард.

Ба гузориши Порс Тудей, Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон дар изҳороти таъкид кард, ки шаҳрвандони Амрико бояд Биямин Натаняҳу ва ҳамроҳонаш дар кангреро ба хотири молиёти исроилимеҳвари сангине, ки ба зуди бар иқтисоди ин кишвар таҳмил хоҳад шуд масъул бидонанд.

Ироқчӣ бо ишора ба ҷанги ахире, ки танҳо се ҳафта аз оғози он мегузарад гуфт:  Ин ҷанги давлати Амрико бар ҳарду миллати Эрон ва Амрико таҳмил шуда аст.

Вай афзуд: Ин 200 миллиард доллари то кунун сарфи ҳазинаҳои ҷанг шуда аст нуки куҳи ях мебошад, ки шаҳрвандони одии Амрико бояд нисбат ба авоқиби ин сиёсатҳо огоҳ бошанд.

Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард, ки ҳазинаҳои ҷанг ва ҳимоятҳои моли аз Исроил метавонад табаъоти иқтисодии ҷиддии барои Амрико дошта бошад ва аз шаҳрвандони амрикоӣ хост то дар ин замина огоҳона амал кунанд.