Ҳамлаи мушакии Эрон ба яке аз дуртарин пойгоҳҳои низомии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124496-Ҳамлаи_мушакии_Эрон_ба_яке_аз_дуртарин_пойгоҳҳои_низомии_Амрико
"Порс-Тудей". Рӯзномаи "Вол стрит журнал" аз ҳамлаи мушакии Эрон ба яке аз дуртарин ва роҳбурдитарин пойгоҳҳои низомии Амрико дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар хабар дод.
(last modified 2026-03-21T13:31:51+00:00 )
Март 21, 2026 15:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи низомии Диюго Горсиё дар уқёнуси Ҳинд
    Ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи низомии Диюго Горсиё дар уқёнуси Ҳинд

"Порс-Тудей". Рӯзномаи "Вол стрит журнал" аз ҳамлаи мушакии Эрон ба яке аз дуртарин ва роҳбурдитарин пойгоҳҳои низомии Амрико дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши "Порс-Тудей", ба нақл аз Хабаргузории Садо ва Симо, рӯзномаи амрикоии "Вол стрит журнал" навишт: Ҷумҳурии Исломии Эрон пойгоҳи низомии Диего Гарсия дар уқёнуси Ҳиндро бо истифода аз ду мушаки боллистик ҳадаф қарор додааст.

Мақомоти амрикоӣ дар гуфтугӯ бо ин нашрия муддаӣ шуданд, ки ҳамлаҳои мушакӣ кушта ва хисорот надоштааст!

"Вол стрит журнал" таъкид кард: Ин пойгоҳ, ки ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт, дар фосилаи ҳудуди чаҳор ҳазор километрӣ аз хоки Эрон воқеъ шуда ва нишондиҳандаи тавонмандии мушакии Эрон дар ҳадаф қарор додани мавозеи дурбурд аст.