Сарлашкар Абдуллоҳӣ: Бо силоҳҳои ҷадид муҳосиботи душманро баҳам мезанем
-
Алии Абдуллоҳӣ, фармондеҳи қароргоҳи марказии ҳазрати Хотамуланбиё
“Порс-Тудей”. Фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё гуфт: Неруҳои мусаллаҳ ва донишмандони ҷавони Эрон силоҳҳои пешрафтаеро тавлид кардаанд, ки дар майдони набард муҳосиботи душман комилан баҳам мерезад.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, сарлашкар халабон Алии Абдуллоҳӣ, фармондеҳи қароргоҳи марказии ҳазрати Хотамуланбиё (с)-и Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Ҳамон тавр, ки қаблан эълом намудем, докторинаи неруҳои мусаллаҳ дар дифоъ аз каёни Эрони исломӣ, аз дифоӣ ба таҳоҷумӣ тағйир ёфтааст ва мутаносиб бо чунин докторина тактикаҳои майдони набардро тағйир додаем.
Сарлашкар Абдуллоҳӣ таъкид кард, Неруҳои мусаллаҳи Эрон бо баҳрагирӣ аз зарфияти донишмандони ҷавони боангезаву ҷиҳодӣ, таҷҳизоту силоҳҳои пешрафтаеро тавлид карда ва мекунанд, ки бо истифода аз он муҳосиботи душманро ба таври комил ба ҳам хоҳем рехт ва душманони ҷинояткори Эрони исломӣ то кунун гӯшаҳое аз онро дар майдони ҷанг дарк кардаанд ва ин раванд ҳамчунон идома доштаву шигифтонаҳои ҷадидеро дар майдони набард эҷод хоҳем намуд.
Вай идома дод, ки Эрони муқтадир ва неруҳои мусаллаҳ ба пуштвонаи мардуми беназир, шуҷоъ, басир ва муқовим, иқтидор ва дар саҳна будани худро аз оғози таҷовузи душман то кунун ба беҳтарин ваҷҳ ба душманони худ нишон додаанду инсиҷоми миллӣ ва ҳамбастагии таърихсози миллати салаҳшӯр ва неруҳои мусаллаҳи пурифтихори Эрон таҳти тобеияти комил аз Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ навиди пирӯзиҳои бештарро пеширӯ дорад.