Мухбир: Неруҳои мусаллаҳи Эрон шигифтонаҳои бисёр доранд
-
Муҳаммади Мухбир, мушовир ва дастёри Раҳбари инқилоб
“Порс-Тудей”. Мушовир ва дастёри Раҳбари инқилоб гуфт, миллати Эрон пештози ҳамосаанд ва неруҳои мусаллаҳи он бо пешрафтатарин силоҳҳо, шигифтонаҳои бисёр доранд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Муҳаммади Мухбир, мушовир ва дастёри Раҳбари инқилоб дар сафҳаи муҷозияш таҳдид ба задани зерсохтҳоро нақзи банди 4-и моддаи 2-и Эъломияи Милали Муттаҳид донист ва таъкид кард: Боздорандагии Ҷумҳурии исломии Эрон фаротар аз уфуқҳои режими саҳюнистӣ буда ва бар асоси моддаи 51, ҳаққи зотии дифои машруъ доштаву посухи қотеъ ва кӯбандае хоҳад дод.
Мушовир ва дастёри Раҳбари муаззами инқилоб инро ҳам гуфт, ки миллати Эрон пештози ҳамосаанд ва неруҳои мусаллаҳи он бо пешрафтатарин силоҳҳо, шигифтонаҳои бисёр доранд.