Таҳлилгари саҳюнист: Эрон таслим нахоҳад шуд
-
Таҳлилгари саҳюнист: Эрон таслим нахоҳад шуд
Порс Тудей- як таҳлилгари саҳюнист дар изҳороти бо баёни ин ки Амрико ва режими манҳуси саҳюнистӣ тавоноиҳои Эронро дастикам гирифта буданд таъкид кард: Эро то як миллион соли дигар ҳам таслим нахоҳад шуд.
Ба гузориши Порс Тудей, Дени Ситривинович пажуҳишгари аршади масоили Эрон ва меҳвари муқовимат дар муасисаи мутолеъоти амнияти миллии режими саҳюнистӣ дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии амрикоӣ "CBC" гуфт ки мо зиёди ба руёҳоямон дилбастаем ва агар каси фикр мекунад, ки бо ҳамалоти ҳавоӣ метавонад Эронро сарнагун кард зеҳи хиёли ботил ва бояд дар андешаи худ таҷдиди назар кунад.
Ин пажуҳишгари саҳюнистӣ дар идома бо таъкид бар ин ки бо вуҷуди ҳамалоти ҳавоӣ, Эрон ҳануз бисёр қави аст гуфт, ки агар ҷанг имруз поён ёбад Амрикоро тарафи пируз намедонам зеро ҳукумати Эрон ҳатто як миллион соли дигар ҳам қарор нест таслим шавад.
Вай ҳамчунин дар идома ба эҳтимоли истифода аз неруҳои замини зидди Эрон ишора ва таъкид кард ки истифода аз ин неруҳо метавонад натоиҷи фоҷеъабортар ба дунбол дошта бошад.
Ин таҳлилгари саҳюнист дар поён бори дигар таъкид кард: Эрон ҳаргиз аз зарфияти мушакии худ даст нахоҳад кашид ва бедуни қайду шарт таслим нахоҳад шуд.