Ироқчӣ: Душман дар таҷзияи Эрон ва таҳаққуқи пирӯзии фаврӣ ноком монд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124544-Ироқчӣ_Душман_дар_таҷзияи_Эрон_ва_таҳаққуқи_пирӯзии_фаврӣ_ноком_монд
“Порс-Тудей”. Вазири умури хориҷаи Эрон аз нокомиҳои душман, нақши Амрико дар ҷанг ва рӯйкарди Теҳрон дар минтақа сухан гуфт.
(last modified 2026-03-26T08:04:27+00:00 )
Март 26, 2026 13:03 Asia/Dushanbe
  • Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
    Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон

“Порс-Тудей”. Вазири умури хориҷаи Эрон аз нокомиҳои душман, нақши Амрико дар ҷанг ва рӯйкарди Теҳрон дар минтақа сухан гуфт.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ҷанги кунуниро “нуқтае тиллоӣ дар таърихи Эрон” тавсиф ва таъкид кард: Душман дар таҷзияи Эрон ва таҳаққуқи пирӯзии сареъ ноком монд.

Ироқчӣ афзуд: Ин ки душман ҳарф аз музокира мезанад, эътироф ба шикаст аст. Магар намегуфтанд таслими бидуни қайду шарт? Пас чаро болотарин мақомҳои худро басиҷ мекунанд, ки музокира кунанд?

Вай ҳамчунин эълом кард, то кунун ҳеҷ музокирае анҷом нашудааст ва оташбаси бидуни тазмин, чархае ботил аст, ки ҷангро такрор мекунад.

Ироқчӣ гуфт, душман бояд дарсе бигирад, ки ҳаргиз ҳаваси ҳамлаи дубора накунад ва хисороти мардуми Эрон ҷуброн шавад.