Ироқчӣ: Эрон ҳазинае сангин барои ҷиноёти режими саҳюнӣ рақам хоҳад зад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124564-Ироқчӣ_Эрон_ҳазинае_сангин_барои_ҷиноёти_режими_саҳюнӣ_рақам_хоҳад_зад
“Порс-Тудей”. Вазири умури хориҷаи Эрон дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи “Х” ба ҳадаф қарор гирифтани зерсохтҳои Эрон аз сӯи режими саҳюнистӣ вокуниш нишон дод.
(last modified 2026-03-28T08:54:06+00:00 )
Март 28, 2026 13:50 Asia/Dushanbe
  • Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
    Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон

“Порс-Тудей”. Вазири умури хориҷаи Эрон дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи “Х” ба ҳадаф қарор гирифтани зерсохтҳои Эрон аз сӯи режими саҳюнистӣ вокуниш нишон дод.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ҳадаф қарор гирифтани зерсохтҳои Эрон дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи “Х” навишт: Эрон ҳазинае сангин барои ҷиноёти Исроил рақам хоҳад зад.

Вай гуфт: Исроил ду маврид аз бузургтарин корхонаҳои фӯлоди Эрон, як нерӯгоҳи барқ ва ҳамчунин сайтҳои ҳастаии ғайринизомиро дар канори соири зерсохтҳо ҳадаф қарор додааст. Исроил муддаӣ аст, ки ин иқдомро бо ҳамоҳангии Иёлоти Муттаҳида анҷом додааст.

Ироқчӣ бо баёни инки ин ҳамла бо муҳлати тамдидшудаи раиси ҷумҳури Амрико барои дипломатия дар тазод аст, таъкид кард: Эрон ҳазинае сангин барои ҷиноёти Исроил рақам хоҳад зад.