Оятуллоҳ Аърофӣ: Омодагии ҳамаҷониба то убур аз печи таърихии кунуни зарури аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124568-Оятуллоҳ_Аърофӣ_Омодагии_ҳамаҷониба_то_убур_аз_печи_таърихии_кунуни_зарури_аст
Порс Тудей- мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон дар паёми хитоб ба миллати рашид ва шуҷоъи эрони исломӣ ва уммати бузурги Ислом бар зарурияти истиқомат, омодагӣ ва ҳимоят аз неруҳои мусаллаҳ ва ҷараёни муқовимат ва зарурияти омодагии ҳамаҷониба то убур аз гардиши таърихии кунуни зарури таъкид кард.
(last modified 2026-03-29T09:32:31+00:00 )
Март 29, 2026 14:30 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Алиризо Аърофӣ мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон
    Оятуллоҳ Алиризо Аърофӣ мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон

Порс Тудей- мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон дар паёми хитоб ба миллати рашид ва шуҷоъи эрони исломӣ ва уммати бузурги Ислом бар зарурияти истиқомат, омодагӣ ва ҳимоят аз неруҳои мусаллаҳ ва ҷараёни муқовимат ва зарурияти омодагии ҳамаҷониба то убур аз гардиши таърихии кунуни зарури таъкид кард.

Ба гузориши Порс Тудей, оятуллоҳ Алиризо Аърофӣ мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон дар ин паём бо ишора ба шароити кунунии минтақа, идомаи дифоъ ва пойдориро вазифаи шаръи, миллӣ, имонӣ ва таърихӣ донист ва хостори ҳушёрии миллатҳо ва ниҳодҳои динӣ ва илмӣ дар баробари таҳавулоти пеширу шуд.

Вай бедории миллатҳои мусалмон, уламо ва ниҳодҳои илмӣ ва динӣ дар минтақа ва ҷаҳони Исломро барои ҳамроҳи бо ҷабҳаи ҳақ ва дифоъ аз уммат ва ормони Фаластин зарури унвон кард ва онро гоми муҳим дар масири раҳоӣ ҷаҳони Ислом аз султаи Амрико ва режими ҷинояткори саҳюнистӣ донист.