Январ 24, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • Нигоҳи ҷаҳони ислом ба Машҳад таҳсинбарангез аст

Муовини дабири кулли ISESCO гуфт: Дунёи ислом ба Машҳад ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом бо нигоҳе таҳсинбарангез менигарад.

Амина Алҳаҷрӣ имрӯз дар маросими гушоиши расмии ҳамоиши Машҳад 2017, ки ба муносибати муаррифии ин шаҳр ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом баргузор шуд, гуфт, шаҳри Машҳад ҳамвора нуфуз ва нақши бебаделе дар пешрафти фарҳанги башарӣ дошта ва бахотири ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) аз ҷойгоҳи рафее дар миёни кишварҳои исломӣ бархурдор аст .

Вай бо ишора ба инки шаҳри муқаддаси Машҳад, пойтахти фарҳангии ҳамешагӣ аст, ибрози умедворӣ кард, ҳамчунон, ки маркази устони Хуросони Разавӣ ҳамвора дар арсаи фарҳангӣ дурахшида аст, дар оянда низ шоҳиди дурахшиши фарҳангии ин шаҳр бошем .

Муовини дабири кулли ISESCO, асолати торихии фарҳангии мустанад, кумак ба иртиқои донишу фарҳанги башарӣ, вуҷуди биноҳои ёдбуди торихӣ ва тамаддунӣ ва ниҳодҳои фарҳангии ҳунарии фаъолро аз милокҳои интихоби пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом ном бурд.

Устондори Хуросони Разавӣ низ дар ин маросим гуфт, Машҳади муқаддас, ки аз дербоз сарзамини бузургон ва номдороне чун Ҳаким Фирдавсӣ, Шайх Баҳоӣ, Шайх Тӯсӣ ва ҷойгоҳи бархурди афкору андешаҳои гуногун ва маҳалли пайванди гурӯҳҳои фарҳангӣ буда, имрӯз бо пайравӣ аз шахсияти ҳазрати Ризо (а) метавонад пойгоҳе мубтанӣ бар мактаби аҳли байт (а) ва арзишҳои динӣ бошад .

Рашидиён афзуд: Машҳад имрӯз метавонад навои ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу сафо ва бародариро аз гулдастаҳои баландаш ба гуши ҷаҳон бирасонад, ба унвони бузургтарин калоншаҳри мазҳабии ҷаҳони ислом ба шоистагӣ дар тарҳи тамаддуни навини исломӣ нақше асосӣ ифо кунад ва конуни иртибототи фарҳангӣ ва фикрӣ дар минтақа ба ҳисоб биёяд.

Дар ин маросим беш аз 250 меҳмони хориҷӣ аз кишварҳои исломӣ ҳузур ёфтананд .

ISESCO, созмони илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии вобаста ба Созмони ҳамкории исломӣ бо узвияти 51 кишвари исломӣ, калоншаҳри мазҳабии Машҳадро барои соли 2017 ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом интихоб кардааст .