Бақоӣ: Равобити Эрон-Умон мумтоз ва намуна аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124666-Бақоӣ_Равобити_Эрон_Умон_мумтоз_ва_намуна_аст
Порс Тудей- Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, равобити Теҳрон ва Масқатро гувоҳи равшане аз ҷиддияти Эрон дар пайгирии равобити муҳтарамона ва мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил бо ҳамсоягони ҷанубии худ донист.
(last modified 2026-04-26T05:53:05+00:00 )
Апрел 26, 2026 10:47 Asia/Dushanbe
  • Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон
    Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон

Порс Тудей- Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, равобити Теҳрон ва Масқатро гувоҳи равшане аз ҷиддияти Эрон дар пайгирии равобити муҳтарамона ва мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил бо ҳамсоягони ҷанубии худ донист.

Ба гузориши Порс Тудей; Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар фазои маҷозӣ дар бораи сафари Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ба Умон навишт: «Мо барои анҷоми дидори расмӣ аз Умон, ба Масқат сафар кардаем. Ин, нахустин сафари вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба минтақа пас аз таҷовузи низомии ахири Амрико ва Исроил ба Эрон аст, ки кулли минтақаро таҳти таъсир қарор дод».

Исмоил Бақоӣ афзуд: «Эрон барои равобити худ бо кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс аҳамияти бисёр зиёде қоил аст ва бар тақвияти эътимоди мутақобил ва ҳамкории созанда бо ин кишварҳо таъкид дорад».

Вай идома дод: «Равобити Эрон ва Умон, гувоҳи равшане аз ҷиддияти Эрон дар пайгирии равобити муҳтарамона ва мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил бо ҳамсоягони ҷанубии худ аст».

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон шаби шанбе дар садри як ҳайати дипломатик вориди Масқат пойтахти Умон шуд. Ироқчӣ дар ин сафар бо мақомҳои аршади умонӣ дидор ва дар мавриди равобити дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа гуфтугӯ ва табодули назар хоҳад кард.