Бақоӣ: Муқобила бо терроризм масъулияти байналмилалӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124670-Бақоӣ_Муқобила_бо_терроризм_масъулияти_байналмилалӣ_аст
Порс Тудей- Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамлаҳои террористиро дар манотиқи мухталифи кишвари Малӣ ба шиддат маҳкум кард.
(last modified 2026-04-28T01:18:42+00:00 )
Апрел 28, 2026 06:11 Asia/Dushanbe
  • Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон
    Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон

Порс Тудей- Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамлаҳои террористиро дар манотиқи мухталифи кишвари Малӣ ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамлаҳои террористиро дар манотиқи мухталифи кишвари Малӣ, ки мунҷар ба ҷон бохтани Садио Камара, вазири дифоъ, аъзои хонаводаи вай ва теъдоди зиёде аз мардуми ин кишвар шуд, ба шиддат маҳкум кард.

Бақоӣ зимни таслият ба хонаводаҳои ҷонбохтагон ва ибрози ҳамдардӣ бо давлат ва мардуми Малӣ, барои маҷрӯҳони ҳодиса орзуи саломатӣ кард. Вай бо таъкид бар мавзеи усулии Эрон дар маҳкумияти қотеи ҳамаи ашколи терроризм ва ифротгароии хушунатбор, муқобила бо терроризмро масъулияти байналмилалӣ ва мусталзими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии ҳамаи кишварҳо ва муборизаи мустамар бо муртакибон, созмондеҳандагон, пуштибонон ва ҳомиёни молии терроризм донист. Бақоӣ ибрози итминон кард, ки миллати Малӣ бо иттиҳод ва ҳамбастагӣ бар терроризм ва ҳомиёни он фоиқ хоҳанд омад.