Январ 24, 2017 20:44 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи ҳамкориҳои Эрон ва Узбакистон дар заминаи гардишгарӣ

Муовини раисҷумҳурӣ ва раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон дар дидори сафири Узбакистон дар Теҳрон бар тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гардишгарии ду кишвар таъкид кард.

Ба иттилои Ирно, Заҳро Аҳмадипур дар дидори Баҳодур Абдуллоев гуфт, иштирокоти фарҳангии бисёре байни Эрону Узбакистон вуҷуд дорад, ки метавонад омили пайвандҳои фарҳангии мардуми ду кишвар бошад .

Аҳмадипур барои густариши ҳамкориҳои Эрон бо Узбакистон дар заминаи гардишгарӣ эъломи омодагӣ карду афзуд, Комиссияи муштараки ҷоддаи Абрешим барои тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарии ду кишвар бояд фаъол шавад .

Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон ҳамчунин гуфт, бо иҷрои барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) фурсатҳои бисёре дар ҳавзаи гардишгарии Эрон эҷод шуда ва аз соли гузашта, теъдоди гардишгарони аврупоӣ, ки Эронро ба унвони мақсади сафари худ интихоб кардаанд, афзоиш ёфтааст .

Баҳодур Абдуллоев, сафири Узбакистон дар Теҳрон ҳам дар ин дидор бо ишора ба иртиботи торихии Эрону Узбакистон гуфт: Пас аз оғоз ба кори раёсатҷумҳурии ҷадиди Узбакистон, тавсеаи санъати гардишгарӣ беш аз гузашта мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта ва бисёре аз ширкатҳои хусусии Узбакистон омода ва алоқаманд ба ҳамкорӣ бо ширкатҳои фаъоли гардишгарии Эрон ҳастанд .

 

Барчасп