Ҳамкории мусбати Эрон бо ниҳодҳои байналамилалӣ дар мубориза бо маводи мухаддир
Муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Ҳамкориҳои байналамилалии неруи интизомии Эрон бо Созмонҳои байналамилалӣ дар заминаҳои мухталиф, ба вижа мубориза бо маводи мухаддир ризоятбахш аст.
Сайидаббоси Ироқчӣ муовини ҳуқуқӣ ва умури байналамилали вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти раисони пулиси мубориза бо маводи мухаддир дар Теҳрон афзуд: Як кишвар наметавонд ба танҳоӣ бо анвои таҳдидҳо муқобила кунад, бояд аз фурсатҳои байналамилалӣ истифодаи бештаре кард, зеро барои ҷомеаи байналамилал заҳамоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи мубориза бо маводи мухаддир ба таври комил шинохташуда нест.
Муовини вазири умури хориҷаи Эрон, пулшӯӣ ва терроризмро ду таҳдиди байналамллӣ донист ва афзуд: Эрон пас аз тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) беш аз пеш ба бозигари фаъол дар арсаи байналамилал табдил шудааст ва бояд аз ин фазои мусбат барои муборизаи қотеътар ва мунсаҷимтар бо қочоқчиёни маводи мухаддир истифода кард.
Ироқчӣ, тақдими беш аз чаҳор ҳазор шаҳид дар роҳи мубориза бо маводи мухаддирро муҳим донист ва гуфт: Неруи интизомии Эрон дар мубориза бо маводи мухаддир хуб зоҳир шудааст.