Эълони тафсилоти маросими видоъ, ҷаноза ва дафни Имоми муҷоҳиди шаҳид
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124980-Эълони_тафсилоти_маросими_видоъ_ҷаноза_ва_дафни_Имоми_муҷоҳиди_шаҳид
Парстодӣ- Тафсилоти маросими видоъ, ҷаноза ва дафни Имоми муҷоҳиди шаҳид, ҳазрати оятуллоҳилузмо Хоманаӣ эълон шуд.
(last modified 2026-06-13T12:04:02+00:00 )
Июн 13, 2026 17:00 Asia/Dushanbe
  • Эълони тафсилоти маросими видоъ, ҷаноза ва дафни Имоми муҷоҳиди шаҳид

Парстодӣ- Тафсилоти маросими видоъ, ҷаноза ва дафни Имоми муҷоҳиди шаҳид, ҳазрати оятуллоҳилузмо Хоманаӣ эълон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ситоди бузургдошти уруҷи хунини имоми муҷоҳиди шаҳид дар иттилоъияе рӯзи шанбе эълом кард : Дар паи уруҷи хунини марҷаъи олиқадри ҷаҳони ташайюъ , раҳбари ҳакими Инқилоби исломӣ ва парчамдори ҷабҳаи ҳаққу муқовимат , имоми муҷоҳиди шаҳид, ҳазрати оятуллоҳилъузмо Сайидалии Ҳусайнии Хоманаӣ ( қаддасаллоҳу нафсаҳуззакия) , ҷаҳони Ислом дар сӯги фиқдони бузургмарде нишастааст, ки саросари умри пурбаракати хешро дар роҳи эътилои калимаи Ҳаққ , дифо аз Ислом , хизмат ба мардуму ҳидояти уммати исломӣ сипарӣ намуд . Он қоиди шаҳид бо имони росих , муҷоҳидати холисона , сабри устувору басирати Илоҳӣ , ҳамвора парчами истиқлоли Эрон ва ҳидояту иззати уммати исломиро барафрошта нигоҳ дошт ; ному ёди он ягонаи даврон дар таърихи Эрони азиз , ҷаҳони Ислом ва дар дили озодагони олам мондагор хоҳад буд .
Ситоди бузургдошти уруҷи хунини имоми муҷоҳиди шаҳид, ҳазрати оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ ( аълаллоҳу мақомаҳушшариф ) , зимни арзи таслият ба маҳзари мубораки ҳазрати Валии аср ( аҷҷалоллоҳу таъоло фараҷаҳушшариф ) , Раҳбари муаззами Инқилоб, ҳазрати оятуллоҳ Саидмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ ( муддазилаҳулъолӣ ) ва ҳамаи миллатҳои озодаву дилбаста ба роҳи Ҳақ , маротиби сипосу қадрдонии амиқи худро аз ҳузури пуршӯру вафодоронаи мардуми мабъусшудаи Эрони исломӣ ва ҳамаи дилдодагони Ислому Инқилоб эълом медорад .
Пайрави иттилоъияҳои пешини ин Ситод ва бо иноят ба барномарезиҳои анҷомшуда , ба итилоъи умуми мардуми шарифу азодор мерасонад маросими видоъ , ташйиъ ва тадфини пайкари мутаҳҳари он Имоми муҷоҳиди шаҳид ва аъзои хонаводаи ишон , шаҳидони бузургвор Мисбоҳулҳудо Боқирии Канӣ , Сайидабушро Ҳусайнии Хоманаӣ , Заҳро Ҳаддоди Одил ва Заҳро Муҳаммадии Гулпойгонӣ ( ризвонуллоҳи алайҳим аҷмаъин ) ба шарҳи зер баргузор хоҳад шуд :
Рӯзҳои шанбеи 13 ва якшанбеи 14 Тирмоҳи 1405 мусодиф бо нӯздаҳуму бистуми моҳи Муҳаррам , маросими видоъ бо пайкари мутаҳҳар дар мусаллои Имом Хумайнӣ ( қудсассира ) дар Теҳронӯзи душанбеи 15 тирмоҳи 1405 мусодиф бо бисту якуми моҳи муҳаррам , маросими ташйиъ дар Теҳрон .
  Рӯзи сешанбеи 16 тирмоҳи 1405 мусодиф бо бисту дуюми моҳи Муҳаррам : маросими ташйиъ дар шаҳри муқаддаси Қум .

 Рӯзи панҷшанбеи 18 тирмоҳи 1405 мусодиф бо бисту чаҳоруми моҳи Муҳаррам, шаби шаҳодати Имом Саҷҷод алайҳиссалом , маросими ташйиъ дар Машҳади муқаддас ва тадфин дар ҳарами малакӯтии Имом Ризо ( алайҳис-салом) .

 Аз умуми мардуми шарифу азизи Эрон , озодагони ҷаҳон , дилдодагони мактаби Ислом ва алоқамандон ба Эрон даъват мешавад бо ҳузур дар ин маросими бошукӯҳ , он Раҳбари шаҳидро гусел кунанд.