Сипоҳи посдорон : Аҳдшикании душман бо посухи маҳкам рубару мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124996-Сипоҳи_посдорон_Аҳдшикании_душман_бо_посухи_маҳкам_рубару_мешавад
Порс тудей - Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар паёме дар паи интишори паёми Раҳбари муаззами инқилоб дар бораи раванди музокироту имзои тафоҳумномаи поёни ҷанг эълом кард : Миллати азизу размандагони Ислом чун кӯҳи устувор пуштвонаи давлатмардони худ ҳастанд.
(last modified 2026-06-19T11:17:29+00:00 )
Июн 19, 2026 16:14 Asia/Dushanbe
  • Сипоҳи посдорон : Аҳдшикании душман бо посухи маҳкам рубару мешавад

Порс тудей - Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар паёме дар паи интишори паёми Раҳбари муаззами инқилоб дар бораи раванди музокироту имзои тафоҳумномаи поёни ҷанг эълом кард : Миллати азизу размандагони Ислом чун кӯҳи устувор пуштвонаи давлатмардони худ ҳастанд.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар посух ба паёми Раҳбари инқилоби исломӣ эълом кард :
  Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Маҳзари мубораки ҳазрати оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Хоманаӣ ( домаллоҳуз-зилла )аҳбари муаззами инқилоб ва фармондеҳи кулли қувваҳо
Салом алайкум
Аллоҳамма салли
 ало Муҳаммад ва оли Муҳаммад ва аҷҷил фараҷаҳа
Худоро сипос мегузорем, ки як бори дигар миллати моро аз сарчашмаи зулоли вилоят серобу чашмҳоямонро ба паёми иззатмандона ва ҳидоятҳои нӯрониатон равшан кард. Паёми ҳакамонае, ки ваҳдати сафҳои мардумро мустаҳкамтар , мардуми бапохоста дар майдону размандагони ҷабҳаҳои набардро ба ҳифзи дастовардҳои пирӯзмандонаашон умедвортар сохту сармояи гаронсанге барои сиёсатмардони мо дар масири таъмини  ҳуқуқи миллат шуд.
Инак, ки душмани мутаҷовиз дар муқобили беъсати таърихсози миллати Эрон ва ҳамосаофариниҳои дурахшони размандагони Ислом дар майдони ҷанг шикаст хӯрдааст ва аз мавозиъи маҳви Эрон аз нақша ва баргардондани он ба  пеш аз таърих бо истисол ба мавзеи дархосту илтимос барои тафоҳуму музокира ақиб нишаста ва дар муқобили азамати миллати мо зону задааст , интизори ҳамаи миллату размандагон ин аст , арсаи сиёсатварзӣ низ имтидоди он майдони шукӯҳманд бошад ва ба тахмини ҳуқуқи миллати сарбаланди Эрон бианҷомад .
Миллати азизу размандагони Ислом чун кӯҳи устувор пуштвонаи давлатмардони худ ҳастанд ва агар душмани аҳдшикан бихоҳад чун гузашта ба зиёдахоҳиҳо ва поймолсозии ҳуқуқи миллати Эрон рӯй оварад , Посдорони инқилоби исломӣ дар замин , дарё , ҳаво ва тамоми арсаҳои ҷанги таркибии қудратмандтар аз гузашта ва бо баҳрагирӣ аз таҷрибаи чандин набард омодаанд, то бо кучактарин ишораи он фармондеҳи шуҷоъу ҳаким шикасти торихии бисёр бузургтареро ба онон таҳмил кунанд.

نصر من الله و فتح قریب

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ