Пизишкиён : Аз ҷанг ҳаросе надорем, аммо ҷанг ба нафъи ҳеч кас нест
-
Масъуди Пизишкиён,раиси Ҷумҳурии исломии Эрон
Порс тудей - Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Аз ҷанг ҳаросе надорем, аммо ҷанг ба нафъи ҳеч кас нест.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА, Масъуди Пизишкиён,раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе дар сию сеюмин ҳамоиши “Сиёсатҳои пулӣ-бонкӣ” дар Теҳрон гуфт : Ҷанг ба нафъи ҳеҷ кас несту идомаи он низ ба суди ҳеҷ гуруҳе нахоҳад буд , таҳқиқоти байналмилалӣ низ бар ин муҳим эътироф доранд, ки ҷанг ҷилавии рушду тавсеаи иқтисодро мегираду фақрро густариш медиҳад , маънои ин ҳарф ин нест, ки мо аз ҷанг метарсем , неруҳои мусаллаҳи Эрон ва ҳамчунин мардуми Эрон нишон доданд, ки бо қудрат истодаанд ва агар ҷанг идома пайдо кунад низ бо қудрат идома медиҳанд .
Пизишкиён бо баёни инки бандҳои тафоҳуми миёни Эрону Амрико асосан ба нафъи миллати Эрон аст , афзуд : Амрико ба дунболи ин аст, ки мо бомби атомӣ надошта бошем , ин мавзӯъ мавриди таъкиди Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ низ буда ва борҳо бар он таъкид кардаем.