Сипоҳи посдорон: Тангаи Ҳурмуз то иттилои баъдӣ баста шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125140-Сипоҳи_посдорон_Тангаи_Ҳурмуз_то_иттилои_баъдӣ_баста_шуд
Порс Тудей - Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон бомдоди якшанбе дар иттилоияе эълон кард: Тангаи Ҳурмуз то иттилои сонавӣ ва то поёни мудохилаҳои Амрико масдуд аст ва ҳеҷ шиноваре иҷозаи тараддуд надорад.
(last modified 2026-07-12T07:42:37+00:00 )
Июл 12, 2026 12:37 Asia/Dushanbe
  • Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон
    Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон

Порс Тудей - Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон бомдоди якшанбе дар иттилоияе эълон кард: Тангаи Ҳурмуз то иттилои сонавӣ ва то поёни мудохилаҳои Амрико масдуд аст ва ҳеҷ шиноваре иҷозаи тараддуд надорад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, матни комили иттилоияи Сипоҳи посдорон ба ин шарҳ аст:

Дар иттилоияи қаблӣ гуфта будем мудохилаҳои бегонагон ва таъйини масири ғайриқонунии ҳаракати киштиҳо дар Тангаи Ҳурмуз, бархӯрди қотеи Эронро ба дунбол хоҳад дошт ва раванди афзоиши тараддудҳо дар тангаро бо ихтилол мувоҷеҳ хоҳад кард.

Соате қабл, ин тазаккурҳо нодида гирифта шуд ва бо таҳрики бегонагон чанд киштӣ талош карданд аз масири ғайримусавваб ҳаракат кунанд ва ба ихторҳо ва тазаккурҳои мо дар ислоҳи масир ва ҳаракат дар масири мусавваб беэътиноӣ карданд.

Ба ночор як фарванд аз киштиҳо, ки бо хомӯш кардани сомонаҳои худ амнияти дарёиро ба мухотира афканда буд, мавриди исобати шиллики ихтор воқеъ ва мутаваққиф шуд.

Ба дунболи ин ҳодиса, аввалан бо таваҷҷуҳ ба бурузи ин ноамнӣ ба сабаби мудохилаи ғайриқонунии бегонагон, Тангаи Ҳурмуз то иттилои сонавӣ ва то поёни мудохилаҳои Амрико дар ин минтақа баста ва ҳеҷ шиноваре иҷозаи тараддуд нахоҳад дошт, сониян агар душмани мутаҷовиз ба баҳонаи ин ҳодиса, ки худ мусаббиби он будааст, хатое кунад ва таҷовузи ҷадиде алайҳи Эрон дошта бошад, бо шиддат посух дода хоҳад шуд ва пойгоҳҳои ҷадиде аз душман дар минтақа мавриди ҳадаф қарор хоҳад гирифт.

Оқибатҳои чунин мудохилае бар уҳдаи душмани амрикоӣ - саҳюнистӣ ва кишварҳое аст, ки хоки худро барои ин таҳдидҳо дар ихтиёри пойгоҳи душман гузоштаанд.

Дар ҳамин иртибот, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар иттилоияе бо эълони мавриди исобат қарор гирифтани дуюмин шиновари мутахаллиф дар Тангаи Ҳурмуз, эълон кард, ки маркази таъмирот ва нигаҳдории ҷангандаҳо ва маркази фармондеҳӣ ва назорати ин пойгоҳ дар ҳам кӯбида шуд.

Дар иттилоияи равобити умумии Сипоҳи посдорон омадааст: Дар посух ба идомаи таҷовузоти артиши кӯдаккуши Амрико ба пойгоҳҳои соҳилии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, илова бар исобат ва мутаваққифсозии дуюмин шиновари мутахаллиф дар Тангаи Ҳурмуз, пойгоҳи ҳавоии роҳбурдии Амрико дар Ал-Удайд дар Қатар дар марҳалаи дуюми амалиёти муқобила ба мисл ҳадафи мушакҳои баллистик қарор гирифт ва маркази таъмирот ва нигаҳдории ҷангандаҳо ва маркази фармондеҳии ин пойгоҳ дар ҳам кӯбида шуд.