Қароргоҳи Хотам: Ба ҳеҷ унвон намегузорем Амрико дар Тангаи Ҳурмуз дахолат кунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125160-Қароргоҳи_Хотам_Ба_ҳеҷ_унвон_намегузорем_Амрико_дар_Тангаи_Ҳурмуз_дахолат_кунад
Порс Тудей- сухангуи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё(с) Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдор дод: Масъулияти ҳамаи нооромиҳо ва густариши ҷанг дар минтақа мутаваҷеҳи Амрико ва кишварҳое аст, ки бо артиши ҷинояткори он ҳамкори мекунанд.
(last modified 2026-07-13T17:18:14+00:00 )
Июл 13, 2026 22:14 Asia/Dushanbe
  • Иброҳими Зулфиқори сухангуи қароргоҳи маркази ҳазрати Хотамуланбиё (с)
    Иброҳими Зулфиқори сухангуи қароргоҳи маркази ҳазрати Хотамуланбиё (с)

Порс Тудей- сухангуи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё(с) Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдор дод: Масъулияти ҳамаи нооромиҳо ва густариши ҷанг дар минтақа мутаваҷеҳи Амрико ва кишварҳое аст, ки бо артиши ҷинояткори он ҳамкори мекунанд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Иброҳими Зулфиқори сухангуи қароргоҳи марказии ҳазрати Хотамуланбиё(с) Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Моҷароҷуиҳо ва шароратҳои пай дар пайи Амрико барои дахолат дар мудиряти Тангаи Ҳурмуз амнияти минтақаӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва рафту омади киштиҳои нефткаш ва тиҷориро ба таври ҷидди ба мухотира андохта аст ва мутаасифона ҳамкории бархе аз кишварҳои минтақаи низ сабаб шуд хатари густариши ҷанг дар саросари минтақа афзоиш ёбад.

Вай таъкид кард: Пайрави ҳушдорҳои қабли ба ҳеҷ унвон ба Амрико иҷозаи дахолат дар мудиряти Тангаи Ҳурмузро намедиҳем ва нахоҳем дод.

Зулфиқори гуфт: Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳаргуна ихтилол ва ноамни барои рафту омади киштиҳои тиҷорӣ ва нефткаш тавассути артиши мутаҷовиз ва роҳзани Амрико хориҷ аз масири таъиншудаи Эрон ва бедуни муҷавизи неруҳои мусаллаҳ бо шиддат бархурд менамоянд ва иқдомоти қудратмандони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар аёми гузашта шоҳиди бар ин иддао аст.

Вай таъкид кард: Ба сарони кишварҳои минтақа ҳушдор дода мешавад, ки ҳаргуна ҳамкори бо Амрико ва пуштибонии лаҷестики аз артиши мутаҷовизи он кишвар ба манзалаи ҷанг зидди ҳокимият ва амнияти миллии Эрон талақи гардида ва дар сурати густариши ҷанг дар минтақа шуълаҳои оташи ҷанг домани тамоми кишварҳои минтақаро фаро хоҳад гирифт.

Зулфиқори ҳушдор дод: Масъулияти ҳамаи ноамниҳо ва густариши ҷанг дар минтақа мутаваҷеҳи Амрико ва кишварҳое аст, ки бо артиши ҷинояткори он кишвар ҳамкори мекунанд.