Пизишкиён: Эрон ва Русия шарикони роҳбурдӣ ва дӯстони қобили эътимоди якдигаранд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125162-Пизишкиён_Эрон_ва_Русия_шарикони_роҳбурдӣ_ва_дӯстони_қобили_эътимоди_якдигаранд
Порс Тудей- Раисиҷумҳури Эрон дар дидори вазири энергетикаи Русия бо таъкид бар зарурати шитоббахшӣ ба иҷрои тавофуқоти роҳбурдӣ миёни Теҳрон ва Маскав, омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои рафъи мавонеи пеши рӯи лоиҳаҳои муштарак эълон кард.
(last modified 2026-07-14T06:11:44+00:00 )
Июл 14, 2026 11:01 Asia/Dushanbe
  • Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар дидор бо Сергей Цивилев, вазири энергетикаи Русия
    Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар дидор бо Сергей Цивилев, вазири энергетикаи Русия

Порс Тудей- Раисиҷумҳури Эрон дар дидори вазири энергетикаи Русия бо таъкид бар зарурати шитоббахшӣ ба иҷрои тавофуқоти роҳбурдӣ миёни Теҳрон ва Маскав, омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои рафъи мавонеи пеши рӯи лоиҳаҳои муштарак эълон кард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар дидори Сергей Цивилев, вазири энергетикаи Русия, бо ишора ба сатҳи роҳбурдии равобити Теҳрон ва Маскав ва тавофуқоти густурда миёни ду кишвар, изҳор дошт: Ҳузури шумо дар Эрон ва ройзанӣ бо мақомоти Эрон, баёнгари азм ва иродаи ҷиддии ду тараф барои иҷрои тавофуқот аст ва интизор меравад ин тавофуқот ҳарчи сареътар аз марҳалаи гуфтугӯ вориди фази амалиётӣ шаванд.

Вай бо ишора ба зарфиятҳои густурдаи ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои энергетика, нефт, газ, петрохимия, саноат, тиҷорати колоҳои асосӣ, тавсеаи долонҳои транзитӣ ва дигар заминаҳои иқтисодӣ, тасреҳ кард: Бо таваҷҷуҳ ба ирода ва ангезае, ки дар олитарин сатҳҳои ду кишвар, аз ҷумла аз сӯи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, барои густариши ҳамкориҳо вуҷуд дорад, шоиста нест иҷрои лоиҳаҳои муштарак бо кундӣ мувоҷеҳ шавад.

Пизишкиён ҳамчунин бо ишора ба сиёсатҳои якҷонибагароёна ва истифода аз фишор ва таҳрим барои таслими кишварҳои мустақил изҳор дошт: Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва дигар кишварҳои мустақили ҷаҳон, якҷонибагароӣ ва талош барои таҳмили ирода бар дигар миллатҳоро намепазиранд ва ҳамкориҳои илмӣ, саноатӣ, иқтисодӣ ва иҷроӣ дар муқобили якҷонибагароён ва зӯргӯён метавонад асарҳои фишорҳо ва таҳримҳоро хунсо карда ва заминаи шаклгирии назми одилонатар дар муносиботи байналмилалиро фароҳам созад.

Дар ин дидор вазири энергетикаи Русия бо таъкид бар азми ҷиддии Маскав барои иҷрои тавофуқоти муштарак, аз ташкили гурӯҳҳои кории тахассусӣ барои ҳар як аз лоиҳаҳо хабар дод ва гуфт: Ҳадафи мо дастёбӣ ба натиҷаҳои мамлус ва амалӣ аз ҳамкориҳои муштарак аст, то нишон диҳем Эрон ва Русия дар масири саҳеҳи тавсеаи равобити роҳбурдӣ ҳаракат мекунанд.

Сергей Цивилев ҳамчунин бо ишора ба нигоҳи мусбати афкори умумӣ ва масъулони Русия нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, тасреҳ кард: Дар Русия аз мавозеи мустақил ва истодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари фишорҳои хориҷӣ бо эҳтиром ёд мешавад ва мо ба доштани дӯстони қобили эътимоде ҳамчун Эрон ифтихор мекунем.

Вазири энергетикаи Русия таъкид кард: Ҳамон‌ гуна ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари зӯргӯӣ ва фишорҳои хориҷӣ истодагӣ кардааст, Русия низ ҳаргиз дар баробари сиёсатҳои мубтанӣ бар зӯр таслим нахоҳад шуд.