Сипоҳи посдорон : Тавтеъаи халъи силоҳи Ҳамос аз ҳамакнун шикаст хӯрдааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125286-Сипоҳи_посдорон_Тавтеъаи_халъи_силоҳи_Ҳамос_аз_ҳамакнун_шикаст_хӯрдааст
Порс тудей - Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе ба муносибати гиромидошти дуюмин солгарди шаҳодати Исмоил Ҳания , раиси дафтари сиёсии собиқи Ҳамос таъкид кард : Гуфтумони зиддисаҳюнистӣ ба гуфтумони ғолиби ҷаҳон табдил шудааст.
(last modified 2026-08-02T16:45:30+00:00 )
Август 02, 2026 21:41 Asia/Dushanbe
  •   Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ
    Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ

Порс тудей - Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе ба муносибати гиромидошти дуюмин солгарди шаҳодати Исмоил Ҳания , раиси дафтари сиёсии собиқи Ҳамос таъкид кард : Гуфтумони зиддисаҳюнистӣ ба гуфтумони ғолиби ҷаҳон табдил шудааст.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ин баёния шаҳодати Ҳания-ин раҳбари фарзонаро мӯҷиби тақвияти азми росиху иродаи пӯлодини миллати Фаластину размандагони Ҳамос барои идомаи роҳи пурифтихори ӯ , таъмиқи гуфтумони муқовимату фарогир шудани мавҷи ҳимоят аз Фаластин дар ақсои нуқоти олам донист .
Дар бахше аз ин баёния омадааст : Террори шаҳид Исмоил Ҳания дар Теҳрон - дар ҳоле, ки меҳмони расмии маросими савгандёди раиси ҷумҳӯри исломии Эрон буд - ҷинояти азиму нақзи фоҳиши усӯл ва ҳанҷорҳои ҳуқуқи байналмилал , ҳокимияти миллӣ ва тамомияти сарзаминии Ҷумҳурии Эрони исломӣ буд.
Ин баёния меафзояд : Бо гузашти ду сол аз ҷинояти режими саҳюнистӣ дар террори Исмоил Ҳания ва идомаи наслкушӣ ва афзоиши ҷиноятҳои асримиёнагии саҳюнистҳо дар Ғазза ва густариши ҷангу ҷиноят ба ҷануби Лубнон ва сипас оғози ҷангҳои таҳмилии дувум ва сеюм бо ҳамроҳии раиси ҷумҳӯри палиду аҳримансифати Амрико ва артиши террористии ин кишвар алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз беш аз ҳар замоне моҳияти террористӣ ва ҷинояткоронаи ин режим бар ҳамагон ошкор шуда аст.
Сипоҳи посдорон дар поён хунхоҳии раҳбари шаҳиди Инқилоб ва шаҳид Исмоил Ҳанияро қатъӣ ва посух ба ин ҷиноятҳои бузургро сахту кӯбанда донист ва бо таъкид бар инки тавтеъаи халъи силоҳи Ҳамос роҳ ба ҷое нахоҳад бурд ва аз ҳамакнӯн шикастхӯрда аст, тасреҳ кард :

Роҳи шаҳид Ҳания , роҳи иззат , каромату озодагӣ аст ва ин роҳ то таҳаққуқи комили ормонҳои Фаластину нобӯдии ғосибони Қудси шариф , тадовум хоҳад ёфт . Мо ба ҷаҳониён навид медиҳем, ки сарафрозии муқовимати зиддисаҳюнистӣ халалнопазир ва ба фазли Илоҳӣ пирӯзии ниҳои Фаластин дар баробари ишғолгарон , наздиктар аз он чизе аст, ки душманон тасаввур мекунанд.