Ривояти Қолибоф аз ақибнишинии Трамп дар бораи тангаи Ҳурмуз
Порс Тудей - Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт, пас аз ҳушдори Эрон, Трамп ногузир ба ақибнишинӣ аз мавзеаш дар бораи тангаи Ҳурмуз шуд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон баён кард: Дар охирин ҳамлае, ки ба Зоҳия шуд, музокиротро мутаваққиф кардам ва эълом кардам, имшаб режимро хоҳем зад ва агар режим посух диҳад, кули минтақаро мезанем.
Вай идома дод, натиҷаи ин шуд ,ки ҳамон шаб муҳосираро бардоштанд, дар ҳоле, ки қарор буд тибқи тафоҳум, 30 рӯза боз шавад. Вақте Трамп паём зад, ки имшаб муҳосира ва тангаи Ҳурмуз бо ҳам боз мешавад, эълом кардам, агар иддаои ғалат дар бораи тангаи Ҳурмуз ислоҳ нашавад, ҳамларо анҷом хоҳем дод ва Трамп маҷбур шуд паёми худро ислоҳ кунад; ин навъи музокира ба маънои мубориза аст.