Январ 26, 2017 14:01 Asia/Dushanbe
  • Мӯзеи Маскав мизбони намоишгоҳи “Эрони зебо”

Ҳамзамон бо солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, намоишгоҳи акси “Эрони зебо”, дар яке аз толорҳои мӯзеи пойтахти Русия кушоиш меёбад.

Ба гузориши ИРНА, намоишгоҳи “Эрони зебо”, ки 31 январ бо барномарезии ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар маҳаллли мӯзеи давлатӣ, заминшиносии Академияи улуми Маскав, пойтахти Русия баргузор мешавад, шомили тасовири баргирифта аз табиат, таърих ва ҷозибаҳои Эрон аст.

Шахсиятҳои фарҳангӣ ва илмии Русия дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ ҳузур хоҳанд ёфт.

Ҳамчунин ба муносибати солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ, чаҳоруми феврал оркестри симфонии фарҳанг ва ҳунари Эрон, дар консерватори Чайковский ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Конфронси андешаҳои имом Хумайнӣ (раҳ) ва оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи Инқилоби исломӣ низ аз дигар барномаҳои айёми пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Масакв аст, ки 13 феврал дар Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия бо ҳузури шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд.

Барчасп