Пирӯзии тими миллии волейболи Эрон муқобили Куба дар мусобиқоти Уфа
Август 22, 2026 19:27 Asia/Dushanbe
Порс Тудей - Тими миллии волейболи Эрон дар дуюмин дидори худ дар турнаменти Уфа муқобили Куба ба пирӯзӣ расид.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Тасним, тими миллии волейболи Эрон дар дуюмин дидори худ дар турноменти чаҳорҷонибаи Уфа (Русия) муқобили Куба бо натиҷаи 3 бар сифр ба пирӯзӣ расид.
Миллипӯшони волейболи Эрон дар ин дидор бо натоиҷи 25 - 16 , 25 - 19 ва 25 - 22 ба бартарӣ даст ёфтанд.
Дигар дидори тими миллии волейболи Эрон дар ин рақобатҳо муқобили Беларус хоҳад буд.