Кашфи як майдони газии ҷадид дар устони Форс дар ҷануби Эрон
-
Кашфи майдони газии ҷадиди дар ҷануби Эрон
Порс Тудей- вазири нефти Эрон аз кашфи майдони газии ҷадид дар ҷануби устони Форс хабар доду гуфт: Мизони газе ки дар ҷануби Эрон кашф шуда аст муъодили 15 сол фаъолияти як фози Порси Ҷануб аст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Муҳсини Покнажод вазири нефти Эрон рузи якшанбе дар гуфтугу бо телевизиони Эрон аз кашфи майдони гази ҷадид дар ҷануби устони Форс хабар доду гуфт: Дар ин майдон беш аз 7500 миллиард фути мукааб газ кашф шуд, ки аз ин миқдор имкони истеҳсоли 5700 миллиард фути мукааб вуҷуд дорад.
Вазири нефти Эрон таъкид кард: Ин мизони газ муъодили 15 сол фаъолияти як фози Порси Ҷануб аст.
Муҳсини Покнажод дар хусуси гази кашфшуда дар ин майдони гази дар ҷануби Эрон гуфт: Гази кашфшуда дар майдони Гази Тахта дар устони Форс гази ширин аст, ки боис мешавад ҳазинаҳои амалиёти тавсеъа ва баҳрабардори коҳиш пайдо кунад ҳамчунин дар ин майдон илова бар газ, ҳаҷми азими аз миъоноти гази бо арзиши даҳҳо миллиард доллар кашф шуда аст.