Пизишкиён: Ниёзманди чандҷонибагароии воқеӣ дар минтақа ҳастем
-
Пизишкиён: Ниёзманди чандҷонибагароии воқеӣ дар минтақа ҳастем
Порс Тудей - Раисиҷумҳури Эрон дар нахустин ҳузури Эрон ба унвони меҳмони вижаи нишасти сарони кишварҳои Мустақили Муштаракулманофеъ(ИДМ), бо таъкид бар ниёзи минтақа ба чандҷонибагароии воқеӣ, пешниҳоди эҷоди созу кори «CIS+1»-ро барои тавсеаи ҳамкориҳои тронзитӣ, энержӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ матраҳ кард.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронии худ дар нишасти сарони ИДМ бо таъкид бар инки минтақаи мо беш аз ҳар замони дигаре ба тобоварӣ дар баробари ҷанг, буҳрон, фишори хориҷӣ ва ихтилол дар масирҳои иқтисодӣ ва иртиботӣ ниёз дорад ва муваффақият дар ин масир, беш аз ҳар чиз мусталзими иттисоли зарфиятҳои минтақа ба якдигар аст. Манофеи муштараки мо, на дар рақобати миёни масирҳо, балки дар иттисоли масирҳост, тасреҳ кард: Барои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон сирфани як шарик нест, балки як масири табиӣ барои иттисоли Осиёи Марказӣ ва Авруосиё ба обҳои озод аст. Банодири ҷанӯбии Эрон дар Халиҷи Форсу Дарёи Уммон бавижа Чобаҳор метавонанд ин минтақаро ба Осиёи Ҷанубӣ, Африқо ва сипас Аврупо муттасил кунанд.
Вай бо баёни инки Ҷумҳурии Исломии Эрон худро бахше табиӣ аз ҷуғрофиёӣ ба ҳам пайвастаи минтақа медонад ва ин пайванд на танҳо ҷуғрофиёӣ, балки реша дар таърих, фарҳанг, тамаддуну пайвандҳои мардумӣ дорад, афзуд: Бар ҳамин асос, Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод мекунад, формати «ИДМ+Эрон» ё «CIS +1» ба унвони созу кори мунъатиф ва муассир барои гуфтугӯ ва ҳамкорӣ эҷод шавад то битавонем ҳамкориҳои муштаракро дар ҳавзаҳои тронзит, энержӣ, тиҷорат, маъдан, сармоягузорӣ, фанноварӣ, об ва муҳти зист, гардишгарӣ ва иртибототи илмӣ ва фарҳангӣ тавсеа диҳем.
Пизишкиён ҳамчунин бо таъкид бар инки мо имрӯз сирфан бо интихоб миёни инзиво ё вобастагӣ мувоҷеҳ нестем, балки бояд зарфиятҳои худро ба якдигар муттасил кунем то ҳар кишвар битавонад бо ҳифзи истиқлолу интихобҳои миллии худ, аз мазиятҳои ин ҷуғрофиёи муштарак баҳраманд шавад, изҳор дошт: Мо ба ҷои гусаст, иттисол, ба ҷои рақобати фарсоянда, ҳамкорӣ, ба ҷои вобастагии якҷониба, вобастагии мутақобил ва ба ҷои амнияти мубтанӣ бар таҳдид, амнияти мубтанӣ бар эътимоду манофеи муштаракро мехоҳем.