Тавсияи хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба Доналд Трамп
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба раиси ҷумҳурии тоза рӯйикоромадаи Амрико тавсия кард, ба умури кишвари худ бипардозад.
Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико тавсия кард, ба ҷойи идомаи сиёсатҳои ғалату дугонаи раисони ҷумҳурии қаблии Амрико ва дахолат дар умури дигар кишварҳо, ба мушкилоти пуршумори мардуми кишвари худ бипардозаду ба қонунҳои байналмилалӣ пойбанд бошад.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико бояд бидонад, касоне, ки аз ҷону молу номуси худ дифоъ мекунанд, террорист нестанд.
Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ ҳамчунин дар вокуниш ба иддаои ахири вазири умури хориҷаи Арабистон дар бораи дахолати Эрон дар умури кишварҳои Ироқу Яман гуфт, ҳамаи мардуми ҷаҳон ба ҷиноятҳое, ки имрӯз ба дасти Арабистон ва бо ҳимояти мустақими ин кишвар дар Ироқ, Яман, Баҳрайн ва Сурия рух медиҳад, огоҳанд.
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон таъкид кард, Арабистон ва бархе дигар аз кишварҳои минтақа ва фароминтақаӣ гумон мекарданд, бо ҳамлаи низомӣ метавонанд Башор Асад, раиси ҷумҳурии қонунии Сурияро барканор кунанд, аммо ин сиёсатҳо ҷуз хунрезиву вайронӣ натиҷаи дигаре надошт.
Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ ҳамчунин бо ишора ба фаро расидани солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ гуфт, инқилоби соли 1978 дар Эрон ба содагӣ ба даст наомад ва бисёре аз ҷавонони эронӣ дар ин роҳ шаҳиду шиканҷа шуданд то инқилоби исломиро назди мардуми Эрон ба амонат бисупоранд.
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо ибрози таассуфу таъсир аз ҷон бохтану масдум шудани шуморе аз оташнишонон дар ҳодисаи сохтмони “Пласко”, ба хонаводаҳои осебдидагон таслият гуфт.