Январ 28, 2017 12:24 Asia/Dushanbe
  • Муовини дабири ISESCO: Машҳад пойтахти доимии ҷаҳони Ислом шавад

Муовини дабири кулли Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Ҳамкории Исломӣ (ISESCO) гуфт, Машҳад бо назардошти зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳ ва густурда метавонад ба сурати доимӣ пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом бошад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Омина Ҳаҷарӣ, муовини дабири кулли ISESCO дар гуфтугӯ бо ин хабаргузорӣ таъкид кардааст, шароиту вижагиҳои шаҳри Машҳад барои баргузории рӯйдоди пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом мунҳасир ба фард ва беназир буда, ин шаҳр аз ҷумлаи шаҳрҳоест, ки барои интихоб ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дорои шоистгиҳои фаровон аст. Ӯ бо баёни ин ки рӯйдоди “Машҳад-2017” фурсате аст, то мардуми дунё шаҳри Машҳад ва истеъдоду зарфиятҳои онро бишносанд, таъкид кард, фарҳангу маънавиёте, ки дар мардуми ин шаҳр вуҷуд дорад, хосу вижа ва ба воситаи вуҷуди ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) аст.

Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Ҳамкории Исломӣ  ҳар сол се шаҳр аз кишварҳои исломиро ба унвони пойтахти фарҳангии исломӣ интихоб мекунад, ки дар ин чорчӯб барои соли 2017 калоншаҳри мазҳабии Машҳад, воқеъ дар шимолу шарқи Эрон ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар Осиё интихоб шудааст.