Январ 28, 2017 18:25 Asia/Dushanbe
  • Ҷазби 20 миллион гардишгари хориҷӣ то соли 2025 дар Эрон

Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт, Эрон дар назар дорад, то соли 2025 беш аз 20 миллион гардишгари хориҷӣ ҷазб кунад.

Заҳро Аҳмадипур-раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон рӯзи шанбе дар маросими кушоиши 17-умин нишасти Конвенсияи ҷаҳонии роҳнамоёни гардишгарӣ дар Теҳрон афзуд, суботи сиёсӣ, амнияти фарогир, меҳмоннавозӣ, танаввӯи қавмӣ, арзон будани нисбӣ хадамот, ҷозибаҳои табиӣ аз ҷумлаи авомили тавсеаи санъати гардишгарӣ дар ҷаҳон аст, ки Эрон бахши зиёде аз онро доро аст.

Аҳмадипур тасреҳ кард, доро будани 20 асари малмус ва 11 асари ғайри малмуси гардишгарии ҷаҳон ва ҳамчунин доро будани 360 ришта аз 400 риштаи гардишгарии ҷаҳон дар Эрон, ҷойгоҳи мумтози Эронро дар санъати гардишгарӣ нишон медиҳад.

Вай ҳамчунин гуфт, давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вижа Созмони мероси фарҳангӣ, тавсеаи зерсохтҳои гардишгариро дар авлавияти барномаҳои худ қарор додааст.

17-умин нишасти Конвенсияи ҷаҳонии роҳнамоёни гардишгарӣ, рӯзи шанбе дар Теҳрон оғоз ба кор кард ва то 30 январи моҳи ҷорӣ идома дорад.

Барчасп