Январ 29, 2017 12:06 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши тунди вазорати умури хориҷаи Эрон ба иқдоми Трамп

Вазорати умури хориҷаи Эрон тасмими давлати Амрикоро дар эҷоди маҳдудияти сафар ба ин кишвар, тавҳини ошкор ба ҷаҳони Ислом ва миллати Эрон хонд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон, рӯзи шанбе дар баёнияе шадидуллаҳн эълом кард, тасмими давлати Амрико дар эҷоди маҳдудият барои сафари мусулмонон ба Амрико, бо вуҷуди иддаои муқобила бо терроризм ва ҳифзи амнияти мардуми Амрико, ба унвони ҳадияе ба ифротиюн ва ҳомиёни онон дар таърих сабт хоҳад шуд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияи худ овардааст, дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёзманди гуфтугӯ барои бархӯрди решаӣ бо хушунат ва ифротгарӣ аст ва дар замоне, ки Маҷмааи умуми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Эронро барои мушорикати ҷаҳонӣ зидди хушунат ва терроризм ба тасвиб расондааст, иқдоми насанҷидаи Амрико ва раводоштани табъизи ҷамъӣ зидди шаҳрвандони бархе кишварҳои исломӣ, заминаҳоро барои тарвиҷи хушунат ва ифрот фароҳам мекунад.

Дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Эрон омадааст, тасмими давлати Амрико бо ҳадаф қарор додани мардуми Эрон ва тавҳини ошкор ба онон, беасос будани иддаоҳои деринаи Амрикоро дар бораи дӯстӣ бо мардуми Эрон ба намоиш гузоштааст ва нишон аз кинаи гурӯҳе дар ҳокимияти Амрико аз ҳамаи эрониён дар саросари ҷаҳон дорад.

Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кардааст, миллати Эрон бо такя бар тамаддуни куҳан ва оине саршор аз омӯзаҳои инсонӣ, ҳамвора нидодиҳандаи таомули созанда ва муқовимат дар баробари султагарӣ, султапазирӣ ва ифрот ва хушунат будааст.

Дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин омадааст, миллати Эрон натанҳо дар ҳеҷ як аз амалиёти гурӯҳҳои террористӣ ҳузур надошта, балки дар ҳамаи ҷомеаҳое, ки ба унвони донишманд, донишҷӯ, бозаргон, муҳоҷир ва ҷаҳонгард ба он сафар карда, яке аз қонун‏мадортарин, фарҳехтатарин ва муваффақтарин гурӯҳҳои қавмӣ ва миллӣ шинохта шудааст.

Барчасп