Иқдоми мутақобили Эрон дар баробари қонуни зидди муҳоҷирати Амрико
Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон дар вокуниш ба қонуни зидди муҳоҷирати Доналд Трам-раисиҷумҳури Амрико, иқдоми мутақобил анҷом медиҳад.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии Садо ва Симо, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон, имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Теҳрон, дар вокуниш ба маҳдуд кардани судури раводид аз сӯи давлати Амрико барои шаҳрвандони эронӣ гуфт, давлати Эрон аз шаҳрвандони худ дар саросари ҷаҳон ҳимоят мекунад ва зидди иқдоми ғайриқонунӣ, ғайриинсонӣ ва зидди ҳуқуқи башари Амрико мавзеъгирӣ хоҳад кард.
Ҷаҳонгирӣ тасреҳ кард, иқдоми насанҷидаи Трамп, бори дигар ҳуқуқи башаре, ки амрикоиҳо таъриф мекунандро дар дунё ва дар ҷавомеи байналмилалӣ бозшикофӣ мекунад, то ҷаҳониён бидонанд бо чӣ низомен рӯ барӯ ҳастанд.
Вай гуфт, эрониҳо мутамаддинтарин мардуми дунё ҳастанд, ба ҳамин далел намешавад ононро, ки худ қурбонии терроризм будаанд, муттаҳам ба ҳимоят аз терроризм кард.
Доналд Трамп, ҷумъашаби гузашта бо иддаои мубориза бо терроризм, фармони эъмоли маҳдудитҳои густурда барои вуруди паноҳҷуён ва муҳоҷирон аз кишварҳои исломӣ аз ҷумла Эрон, Ироқ, Судон, Сомалӣ, Либия, Сурия ва Яман ба хоки Амрикоро имзо кард.