Феврал 03, 2017 20:15 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Вазорати хориҷаи Эрон бо ҳузури тими гуштии озоди Амрико дар Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз мухолифат бо сафари тими гуштии озоди Амрико барои ширкат дар рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии гуштӣ дар Эрон хабар дод.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, бо тавваҷуҳ ба сиёсатҳои рӯйи даст гирифта аз сӯйи давлати ҷадиди Амрико, Вазорати умури хориҷаи Эрон ба ночор дар шароите қарор гирифт, ки бо сафари тими гуштии Амрико ба Эрон мухолифат кунад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ҳафтаи гузашта вуруди атбои ҳафт кишвари исломӣ, аз ҷумла Эрон ба хоки Амрикоро ба муддати се моҳ мамнӯъ кард.

Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии гуштии озод қарор аст шонздаҳум ва ҳафтдаҳуми феврали моҳи ҷорӣ дар устони Кирмоншоҳ, ғарби Эрон баргузор шавад.

Федератсиюни гуштии Эрон ҳам бо ирсоли номае ба Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ, хостори эъломи тими ҳаштум ва ҷойгузини тими Амрико дар Ҷоми ҷаҳонии гуштии озод дар Кирмоншоҳ шудааст.

 

Барчасп