Эрон барои ворид кардани газ аз Туркманистон пофишорӣ намекунад
(last modified Sat, 04 Feb 2017 05:38:01 GMT )
Феврал 04, 2017 10:38 Asia/Dushanbe
  • Эрон барои ворид кардани газ аз Туркманистон пофишорӣ намекунад

Мудири кулли Ширкати миллии гази Эрон гуфт, Эрон бо таваҷҷуҳ ба тавонмандиҳои дохилӣ дар таъмини энержӣ барои ворид кардани газ аз Туркманистон пофишорӣ намекунад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳамидрзо Ироқӣ, мудири кулли Ширкати миллии гази Эрон гуфтааст, воридоти газ аз Туркманистон бар пояи тиҷорӣ аст, на мубтанӣ ба ниёзи Эрон. Дар робита ба шарҳи бештари ин масъала Ҳамидрзо Ироқӣ гуфт, Эрон бо вуҷуди қатъи воридоти гази Туркманистон мушкиле надорад ва тадобире барои таъмини гази шаҳрҳои шимолии Эрон андешида шудааст. Ироқӣ ҳамчунин бо баёни ин ки ҳамкорӣ миёни Туркманистону Эрон барои мубодилаи газ бастагӣ ба сиёсати ду давлат дорад, афзуд, “музокироти газӣ” миёни ду кишвар ҳамчунон идома дорад.

Ширкати "Туркмангаз" аз ибтидои январи соли 2017 дар иқдоме, ки муғойир ба қарордоди дуҷонибаи ду кишвар буд, ирсоли газро ба Эрон қатъ кард. Бар асоси қарордоде, ки миёни Ширкати миллии гази Эрон ва ширкати “Туркмангаз” ба имзо расида буд, бахши кӯчаке аз гази масрафии манотиқи шимолии Эрон аз ҳисоби воридоти газ аз Туркманистон таъмин ме‎шуд.