Феврал 05, 2017 14:04 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба лағви фармони Трамп: Тими куштии Амрико метавонад биёяд

Бо лағви фармони Трамп аз сӯи қозии федерали Амрико, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, аз мувофиқат бо судури раводид барои тими куштии Амрико хабар дод.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар ҷадидтарин навиштаи твиттерии худ, эътои виза ба куштигирони амрикоиро эълом кард.

Зариф дар ҳисоби твиттерии худ навишт, ба думболи ҳукми қозии федерал ва таълиқ шудани мамнуъияти вуруди мусулмонон, ба дархости Федератсияи куштии Эрон ва Федератсияи ҷаҳонии куштӣ ба тими миллии куштии Амрико виза эъто хоҳад шуд.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, низ рӯзи якшанбе эълом кард, бо таваҷҷуҳ ба таваққуфи иҷрои маҳдудитҳои табъизомез алайҳи вуруди шаҳрвандон эронӣ ба Амрико бар асоси ҳукми қозии федерали ин кишвар, бо судури раводид барои тими куштии Амрико ба манзури ширкат дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии куштӣ дар Кирмоншоҳ мувофиқат шуд.

 Додгоҳи федерали Амрико рӯз гузашта дар ҳукме, фармони зиддимуҳоҷиратии Доналд Трамп, раисиҷмуҳури ин кишварро ба таври муваққат дар саросари Иёлоти муттаҳида мамнуъ кард.

Баҳроми Қосимӣ пештар таъкид карда буд, давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни эҳтиром ба мардуми Амрико, барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ, то замони рафъи маҳдудиятҳои тавҳиномези Амрико алайҳи шаҳрвандони эронӣ, ҳаргуна иқдоми лозимро дар замони муносиб анҷом хоҳад дод.

Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии куштии озод қарор аст, 16 ва 17-уми феврал дар устони Кирмоншоҳ, ғарби Эрон баргузор шавад.