Феврал 08, 2017 13:25 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Эрон мумкин аст аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шавад

Вазорати хориҷаи Русия аз хориҷ шудани эҳтимолии Эрон аз тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) ба далели газофагӯиҳои зиддиэронии мақомоти Вашингтон ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Михаил Улянов раиси департаменти манъи густариш ва контроли таслиҳоти вазорати хориҷаи Русия эълом кард: Хуруҷи эҳтимолии Теҳрон аз тавофуқи БАРҶОМ ба далели лаффозиҳо ва газофагӯиҳои мақомоти амрикоӣ зидди Эрон нишонаи шикасти ҷомеаи байналмилалӣ хоҳад буд.

Ин дипломати рус гуфтааст: Нигарониҳои шадиде дар хусуси лаффозиҳои тунди зиддиэронии давлати Амрико ва асаргузории он бар иҷрои БАРҶОМ вуҷуд дорад.

Улянов таъкид кард: Таҳримҳое, ки давлати Амрико дар як ҳафтаи гузашта бар Эрон таҳмил карда, фазои муташанниҷ ва ба шиддат ғайриматлуберо дар бораи идомаи иҷрои БАРҶОМ ба вуҷуд овардааст.

Дар ҳамин ҳол намояндаи Русия дар Созмони Милал ҳам дар вокуниш ба мавзеъгириҳои ахири мақомот ва расонаҳои амрикоӣ алайҳи озмоиши мушакии ахири Эрон гуфтааст, ки қатъномаи Шӯрои амният озмоишҳои мушакии Эронро мамнӯъ накардааст ва ҳеҷ мамнӯъияте дар ин замина вуҷуд надорад.

Вашингтон ҳафтаи гузашта хилофи тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ, феҳристе аз ширкатҳои эронӣ ва хориҷиро, бо иддаои иртиботи ин маҷмӯаҳо бо барномаи мушакии Эрон, таҳрим кард.

 

Барчасп