Сабти шикояти Эрон аз Амрико дар додгоҳи байналмилалии Лоҳа
(last modified Wed, 08 Feb 2017 11:59:48 GMT )
Феврал 08, 2017 16:59 Asia/Dushanbe
  • Сабти шикояти Эрон аз Амрико дар додгоҳи байналмилалии Лоҳа

Муовини ҳуқуқии раисҷумҳури Эрон бо ишора ба дастбурди ду миллиард долларии Амрико ба амволи Эрон гуфт: Сабти шикояти Эрон дар додгоҳи Лоҳа алайҳи Амрико нишон медиҳад, ки ин мавзуъ қобили пайгард аст.

Ба иттилои Ирно, Маҷиди Ансорӣ, дар бораи пайгирии масдуд шудани ду миллиард доллар аз амволи Эрон дар Амрико ба хабарнигорон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон тавонист бо пайгирии ҷиддӣ шикояти худро дар девони додгустарии Лоҳа сабт кунад .

Маҷиди Ансорӣ афзуд: Сабти шикояти Эрон ба маънои он аст, ки шикояти Эрон аз назари ҳуқуқӣ қобили пайгард аст .

Вай гуфт: Хушбахтона Эрон дар баъзе аз парвандаҳо ба пирӯзии ҳуқуқӣ расида ва тавонистааст амволи мардуми Эронро бозгардонад .

Маркази ҳуқуқи байналмилали ниҳоди раёсатҷумҳурии Эрон муваффақ шуд, якуми феврали имсол лоиҳаи шикояти Эрон аз Амрикоро ба ҳамроҳи аснод ва мадорики марбут дар девони байналмилалии додгустарӣ ба сабт бирасонад .

Бар асоси дастури девони байналмилалии додгустарӣ дар якуми июли 2016, Амрико бояд лоиҳаи дифоии худро то якуми сентябри 2017 ба девони байналмилалии додгустарӣ ироа кунад .