Феврал 11, 2017 19:18 Asia/Dushanbe
  • Русия аз осмони Эрон барои амалиёт дар Сурия истифода мекунад

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба ҳамкори роҳбурдии Эрон ва Русия гуфт, парвози ҷангандаҳои рус аз осмони Эрон барои амалиёти дар Сурия идома дорад.

Адмирал Алии Шамхонӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс гуфт, Теҳрон ҳар навъ ҳамкории лозим, дар бораи Сурия бо Маскав хоҳад дошт ва мумкин аст, ҳавопаймоҳои Русия ҳам аз фазои Эрон убур кунанд, ки муҷаввизи лозим содир мешавад.

Алии Шамхонӣ дар хусуси хабари истифодаи ахири ҷангандаҳои бомбафкани рус аз ҳарими ҳавоии Эрон ва ҳузури муҷаддад дар фурудгоҳи низомии Ҳамадон, ки ахиран дар расонаҳои ғарбӣ матраҳ шудааст, афзуд, ин ки онҳо (русҳо) аз фазои Эрон истифода кунанд, идома дорад, зеро мо як ҳамкории комилан роҳбурдӣ бо Русия дорем.

Вай гуфт, ҷангандаҳои рус дар мавориди ахир танҳо аз осмони Эрон истифода карданд ва амалиёти сӯхтгирӣ надоштаанд.

Алии Шамхонӣ таъкид кард, убури ҳавопаймоҳои рус манут ба робита, ҳамкорӣ ва тасмимгирӣ аз қабл аст ва интавр нест, ки ин кор бидуни ҳамоҳангӣ сурат гирад.

Чанд рӯзи пеш, хабаре дар расонаҳои ғарбӣ мунташир шуд, бино бар ин ки 6 бомбафкани роҳбурдии русӣ аз осмони Эрон ва пойгоҳи Ҳамадон барои амалиёти зидди террористӣ дар устони Дайрузури Сурия истифода кардаанд.

Пойгоҳи хабарии “Арти” дар гузорише эълом кард, Эрон ва Русия тавофуқномаи дуҷониба имзо кардаанд, ки ба русҳо иҷоза медод аз пойгоҳи Ҳамадон истифода кунанд.

Алоуддин Буруҷердӣ, раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ низ дар вокуниш ба ин хабари “Арти” гуфта буд, иҷозаи сӯхтгирӣ ба ҷангандаҳои русӣ дар чорчӯби ҳамкории дуҷониба ва чаҳорҷониба байни Эрон, Русия, Сурия ва Ироқ сурат мегирад, ки бар асоси мусаввабаи Шӯрои олии амнияти миллӣ аст.