Қосимӣ: Арабистон ҳанӯз дучори таваҳҳум аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13316-Қосимӣ_Арабистон_ҳанӯз_дучори_таваҳҳум_аст
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон изҳор дошт, Арабистон ҳанӯз дучори як таваҳҳум ва иштибоҳ аст ва дар гузашта ҳам ин иштибоҳ Арабистонро бо мушкилот мувоҷеҳ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 12, 2017 14:38 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Арабистон ҳанӯз дучори таваҳҳум аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон изҳор дошт, Арабистон ҳанӯз дучори як таваҳҳум ва иштибоҳ аст ва дар гузашта ҳам ин иштибоҳ Арабистонро бо мушкилот мувоҷеҳ кард.

Иброҳими Қосимӣ рӯзи якшанбе дар барномаи "Аз Теҳрон”-и шабакаи хабарии “Алолам” дар хусуси мавозеи Арабистон ва Иморот алайҳи Эрон изҳор дошт: “Мавозеи Арабистон тайи даврони ахир нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша аз рӯйи ноогоҳӣ ва адами иттилои кофӣ нисбат ба вазъияти минтақа ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баён шуда ва аз Иморот ҳам наметавон таваққуи зиёде дошт. Чун то ҳадде муттаҳиди Арабистон аст”.

Қосимӣ дар посух ба ин савол, ки чаро Арабистон музокира бо Эронро қабул намекунад, гуфт: “Ин саволро бояд аз мақомоти Риёз пурсид”.

Қосимӣ хотирнишон кард: “Бардошти мо ин аст, ки Арабистон ҳанӯз дучори як таваҳҳум ва иштибоҳ аст, ки дар гузашта ҳам ин иштибоҳ Арабистонро бо мушкилоте мувоҷеҳ кард”.

Вай афзуд: “Вале тасаввури зеҳнии ман ин аст, ки Арабистон наметавонад дар ин масир ба роҳи худ идома диҳад ва таҳти таъсири дигар қудратҳо ё бархе режимҳо, монанди режими саҳюнистӣ бихоҳад ҳазинаҳои сангинеро барои худаш дар минтақа ва ҷаҳон бипардозад, Арабистон имрӯз саъй дорад бо ҳазинаи зиёде алайҳи Эрон фаъолият кунад ва душманонеро барои Эрон эҷод кунад, ки метавонанд дар замонҳои бисёр кӯтоҳ ба дастовардҳои кӯчак бирасанд. Аммо ин ки воқеиятҳои худро бар ҳама таҳмил карданд, ҳамон тавр, ки дар тӯли таърих шоҳид ҳастем, ки ибратҳо ва таҷрибаҳои зиёде вуҷуд дорад, ки воқеиятҳо пинҳон нахоҳад монд”.