Содироти шаш навъ мошини эронӣ ба кишварҳои ИДМ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13363-Содироти_шаш_навъ_мошини_эронӣ_ба_кишварҳои_ИДМ
Мошинҳои эронӣ бо дарёфти ду гувоҳиномаи байналмилалии стандарт, аз ин пас ба бозорҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил содир мешаванд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 13, 2017 19:37 Asia/Dushanbe

Мошинҳои эронӣ бо дарёфти ду гувоҳиномаи байналмилалии стандарт, аз ин пас ба бозорҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил содир мешаванд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, гувоҳиномаи “Euro5” ва стандарти “EAC” барои шаш мошин аз маҳсулоти ширкати “Эрон худрав” содир шудааст.

Ин гувоҳиномаҳо дар маросиме дар Идора стандарти санъати Қазоқистон ба мудири содироти “Эрон худрав” таҳвил дода шуд.

Гувоҳиномаҳои стандарти байналмилалӣ барои мошинҳои Peugeot 206 (sd), “Soren turbu”, “Soren elx”, “Дено”, “Рено” ва Саманд (LX) содир шудааст ва аз ин пас, ин мошинҳо муҷаввизи содирот ба кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукии АвруОсё ва муштаракуламанофеъро дарёфт карданд.

Ҳамчунин бо дарёфти ин ду гувоҳиномаи стандарти байналмилалӣ, муҷаввизи имкони монтожи мошин эронӣ дар хориҷ аз ин кишвар фароҳам шудааст.