Феврал 16, 2017 14:07 Asia/Dushanbe
  • Оғози Ҷоми ҷаҳонии куштии озоди ҷаҳон дар Эрон

45-умин давраи Ҷоми ҷаҳонии куштии озод, субҳи имрӯз бо ҳузури ҳашт дастаи бартари ҷаҳон дар Эрон оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҷоми ҷаҳонии куштии озоди соли 2017, то фардо дар толори имом Хумайнӣ (раҳ) дар шаҳри Кирмоншоҳ (ғарби Эрон)  идома дорад.

Дар гурӯҳи яки ин мусобиқот, тимҳои Русия, Амрико, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон ва дар гурӯҳи ду низ Эрон, Туркия, Ҳинд ва Муғулистон  ҳузур доранд.

Тими миллии Эрон пеш аз ин ҳафт мартаба, дар ин рақобатҳо дар солҳои 1996 Теҳрон, 2006 Сорӣ, 2012 Боку, 2013 Теҳрон, 2014, 2015 ва 2016 Лос- Анҷелес унвони қаҳрамониро касб карда ва 11 мартаба ҳам ноибқаҳрамон шудааст. 

Эрон дар солҳои 1996, 2009 ва 2013 мизбони Ҷоми ҷаҳонии куштии озод буд.

 

Барчасп