Феврал 16, 2017 17:59 Asia/Dushanbe
  • Раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон: Тиҷорат миёни Эрону Тоҷикистон осон мешавад

Дувумин нишасти муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон рӯзи панҷшанбе дар Машҳад баргузор шуд.

Дар ин нишаст Муҷтабо Хусравтоҷ, муовини вазир ва раиси кулли Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон аз осон шудани қонуну тарофаҳои гумрукӣ дар робита ба додугирифти тиҷорӣ миёни Эрону Тоҷикистон хабар дод. Ӯ афзуд, хушбахтона, зарфияти зиёди тиҷории устони Хуросони Разавӣ, тавони сармоягузорони эронӣ ва аз сӯйи дигар шароити мусоиди ҷалби сармоя дар кишварҳои минтақа, бавижа Тоҷикистону Туркманистон чашмандози равшанеро дар робита ба додуситади тиҷорӣ минтақа навид медиҳад. Хусравтоҷ гуфт, бархурдорӣ аз низоми тарофаҳои муносиб, барномарезии густариши ҳаҷми сармоя, замонатномаи хариди колои тавлидкунандагон ва тақвияти ташакилотҳои иқтисодӣ дар заминаи содирот аз аслитарин заруратҳои имрӯзи сиёсатгузориҳои иқтисодӣ дар табодулоти тиҷорӣ аст.

Искандарӣ, раиси ҳайати мудирияти гурӯҳи тавсеаи иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон низ ҳаҷми зиёди додугирифти коло байни Эрону Тоҷикистон, ҳамчунин ҳузури сармоягузорони эрониро дар Тоҷикистон бисёр мусбату чашмгир арзёбӣ ва тасреҳ кард, иттилоъ доштани тоҷирони ҳарду кишвар аз қонунҳои тиҷории кишварҳо ниёзи имрӯзи фаъолони иқтисодӣ аст. Искандарӣ қавонини тиҷории Тоҷикистонро нисбат ба дигар кишварҳои узви Паймони тиҷории ҳамкориҳои иқтисодии ИДМ (CIS) равонтар дониста гуфт: “Дар ҳоли ҳозир мо ба ваҳдати сатҳӣ дар низому қавонини гумрукӣ ва тиҷории кишварҳо ниёзмандем”.

 

Барчасп