Баргузории маросими чиҳилумин рӯзи реҳлати Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ
Маросими чиҳилумин рӯзи реҳлати Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси вақти Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ.) баргузор шуд.
Ҳуҷҷат-ул-Ислом валмуслимин Маҷиди Ансорӣ, муовини ҳуқуқии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри панҷшанбе дар маросими чиҳилумин рӯзи реҳлати Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ суханронӣ карда, нукотеро дар бораи шахсияти сиёсӣ ва нақши муассири марҳум дар Инқилоби Исломӣ баён кард.
Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисҷумҳур, Муҳаммад Наҳовандиён, раиси дафтари раисҷумҳур, Сайидҳасан Хумайнӣ, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷӣ, Сайидмаҳмуд Алавӣ, вазири иттилоот, ҷамъе аз аъзои ҳайати ҳукумат, аъзои Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, фармондеҳони низомӣ ва интизомӣ, намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар маросими чиҳилумин рӯзи реҳлати Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ширкат карданд.