Феврал 17, 2017 21:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳаштумин қаҳрамонии гуштии Эрон дар ҷаҳон; Эрон 5, Амрико 3

Тими миллии гуштии озоди Эрон дар дидори ҳассосу нафасгири финали Ҷоми ҷаҳонӣ гуштии озодро аз Амрико бурд то ҳаштумин қаҳрамониро дар Ҷоми ҷаҳонӣ ба даст оварад.

Соате пеш финали ҳаяҷонӣ ва пурстресси Ҷоми ҷаҳонии гуштии озод дар шаҳри Кирмоншоҳ, дар ғарби Эрон, байни Эрон ва Амрико баргузор шуд ва тими миллии гуштии Эрон тавонист ҳаштумин қаҳрамонии худро дар ин рақобатҳо бо пирӯзии 5 бар 3, баробари Амрико ба даст биоварад.

Эрон дар вазнҳои сабук тавонист 3 бурди пай дар пайро ба даст биоварад, аммо Ҷорден Бароуз дар вазни 74 кило бурдҳои рақибро оғоз кард то ҷое ки гуштии 125 килограмӣ дар ҳоле баргузор шуд, ки натиҷа 4 бар 3 буд ва бо вуҷуди зарбаи фаннии Ҳасани Яздонӣ, қаҳрамони олимпиии Эрон барандаи он дидори қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонӣ мешуд.

Кумайли Қосимӣ бо як бурди қотеонаву бамавқеъ Эронро барандаи дидори сангинвазн ва Ҷоми ҷаҳонӣ кард то Эрон ҳаштумин қаҳрамонии худ дар ҷаҳонро ҷашн бигирад.