Феврал 18, 2017 15:35 Asia/Dushanbe
  • Дубора барқарор шудани содироти гази Туркманистон ба Эрон

Туркманистон, ки содироти газро ба Эрон ҳудуди якуним моҳ пеш қатъ карда буд, бори дигар гази худро ба рӯйи Эрон боз кард.

Ба гузориши ИРНА, Алирзо Рашидиён, устондори Хуросони Разавӣ рӯзи ҷумъа гуфт, гази Туркманистон аз 10 рӯз пеш васл ва ба ин устон ворид шудааст. Ӯ афзуд, бо вуруди гази Туркманистон Хуросони Разавӣ бахше аз ниёзи дохилии худро аз он ва бахшеро аз гази маҳаллӣ таъмин мекунад.

Ворид шудани гази Туркманистон ба Хуросони Разавӣ ба шакли своп аст, ки бар асоси он, муодили гази воридотии масрафшуда дар дохил кишвар гази Эрон аз марзҳои ғарбӣ ё ҷанубӣ ба кишварҳои дигар содир мешавад. Ба гуфтаи устондори Хуросон Разавӣ, қатъи гази воридоти Туркманистон ба Эрон дар пайи ихтилофи назари ду кишвар бар сари бархе мутолиботи молӣ анҷом шуд, ки зоҳиран ин ихтилофи назар ҳал шудааст.

Туркманистон аз аввали январ ва бо шурӯи фасли сармо бо нақзи тааҳҳудоти худ воридоти газро ба Эрон қатъ кард. Бо ин ҳол, бо таваҷҷуҳ ба собиқаи бадаҳдии Туркманистон дар иҷрои қарордоди дуҷонибаи содироти газ Эрон бо дар пеш гирифтани тадобире тавонист аз маҳалли тавлиди гази дохилӣ ниёзи устонҳои дарёфткунандаи гази Туркманистонро ба таври комил таъмин кунад. Туркманистон дар солҳои гузашта низ ҳамзамон бо оғози фасли сармо бо баҳонаҳои мухталиф содироти гази худро ба Эрон мутаваққиф карда буд.

 

Барчасп