Азсаргирии таомулоти молии бонкҳои Испания бо Эрон
(last modified 2017-02-19T14:39:31+00:00 )
Феврал 19, 2017 19:39 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии таомулоти молии бонкҳои Испания бо Эрон

Сафири Эрон дар Мадрид гуфт, Испания яке аз кишварҳои пештози аврупоӣ дар шурӯи таомулоти бонкӣ бо Эрон будааст.

Муҳаммадҳасани Фидоифард, сафири Эрон дар Испания рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Донишҷӯёни Эрон” (ИСНА) афзуд: “Ду бонки BMCE ва Аресбонк таомулоти бонкии худ бо ҳамаи бонкҳои эрониро аз сар гирифтаанд ва чанд бонки бузурги испанияӣ ҳам ба зудӣ ҳамкориҳои бонкиро азсар хоҳанд гирифт".

Муҳаммадҳасани Фидоифард изҳор дошт, ҳеч тарҳи ҳамкории байни ширкатҳои испанияӣ ва эронӣ, ки арзиши бархе аз онҳо ба чандсад миллион евро мерасад, ба далели мушкили бонкӣ ҳамкориро қатъ накардааст.

Фидоифард гуфт, Испания ба унвони чаҳордаҳумин қудрати иқтисодии ҷаҳон ва чаҳорумин иқтисоди бузурги Иттиҳоди Аврупо зарфиятҳои хубе барои ҳамкорӣ бо Эрон дар ҳавзаҳои мухталифи санъатӣ, зерсохт, кишоварзӣ, хадамотӣ, илмӣ, фанноварӣ ва гардишгарӣ дорад.

Вай бо ишора ба раванди афзоиши мубодилоти иқтисодии Эрону Испания гуфт, ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар дар соли 2016 аз марзи як миллиард евро убур кард.

Сафири Эрон дар Испания хотирнишон кард, ба зудӣ сармоягузорӣ ва интиқоли дониши фаннӣ аз сӯйи ширкатҳои испанияӣ дар Эрон, дар ҳавзаҳои мухталифи санъатӣ, роҳи оҳан, энержӣ ва кишоварзӣ ба чандсад миллион евро хоҳад расид.

 

Барчасп