Феврал 20, 2017 15:26 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Ҳамсӯии Саудӣ-саҳюнистӣ зидди Эрон тасодуфӣ нест

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба суханони ҳамоҳанги мақомҳои режими саҳюнистӣ ва Саудӣ зидди Эрон дар конфронси Мюнхен, ин ҳамсӯиро тасодуфӣ надонист.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, Баҳроми Қосимӣ дар вокуниш ба гуфтаҳои зидди эронии мақомҳои режими саҳюнистӣ ва вазири умури хориҷаи Саудӣ дар иҷлоси амниятии Мюнхен гуфт: Ҳамсӯии мавозеи вазири умури хориҷаи Саудӣ ва вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар бораи ҷумҳурии исломии Эрон амре тасодуфӣ нест ва шавоҳиду қаринаҳои зиёде аз ҳамоҳангиҳои ин ду режим дар парвандаҳои минтақаӣ ҳикоят дорад .

Авигдор Либерман, вазири ҷанги режими ишғолгари Қудс ва Одил Алҷабир, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ рӯзи якшанбе дар иҷлоси амниятии Мюнхен, дар иқдоме ҳамоҳанг, иддаои беасоси ҳимояти Эрон аз терроризмро матраҳ карданд ва хостори танбеҳи Эрон ба далели сохти мушакҳои баллистик шуданд .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд: Ҳар ду режими Саудӣ ва саҳюнистӣ гумон мебаранд, барои ҷуброни шикастҳо ва нокомиҳои пуршумори худ дар минтақа бояд фазои байналмилалиро алайҳи Эрон таҳрик кунанд .

Қосимӣ гуфт: Асафбор онки мақоми режими ишғолгари саҳюнистӣ ошкоро барои пешбурди сиёсатҳои зидди эронии ҳамешагии худ рӯи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо як кишвари исломӣ ҳисоб боз кардааст .

Баҳроми Қосимӣ таъкид кард, такрори як иттиҳоми беасос ва музҳик дар мавриди манобеи терроризм ва ҳимоят аз ДИИШ аз сӯи вазири умури хориҷаи Арабистон ҳаргиз боис намешавад, то пайвандҳои ақидатӣ, омӯзишӣ, молӣ ва иттилоотии байни низоми Саудӣ ва террористҳои такфирӣ фаромуш шавад .